Мо дар замоне қарор дорем, ки илму техника дар ҳолати рушди кайҳони қарор дошта, ҳаррӯз технологияҳои нав ба нав ва барномаҳои гуногун коркард карда мешаванд. Дар авҷи инкишофи техногияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷомеаро лозим аст, ки ҳамқадам ба давру замон буда, аз навтарин технологияҳои муосир истифода баранд. Ҷомеае, ки аз технология қафо мемонад, дар айни ҳол ҷомеаи қафомонда ва номуваффақ ба ҳисоб меравад.

Тавре ки маълум аст, рушди ҳар як ҷомеа аз мактабу маориф сарчашма мегирад, бинобар ин дар ин замонаи пурҷушу хуруши информатсионӣ яке аз масъалаҳои асосии маорифи кишвар ба таври сареъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии муосир дар раванди таълим ба ҳисоб меравад.

Яке аз мушкилоти дигар норасоии маводҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад, ки дар тӯли фаъолияти корӣ кӯшиш ба харҷ додем, то маводҳои лозимиро хусусан ба забони тоҷикӣ омода созем.

Мусаллам аст, ки пеш аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ниёз ба тадқиқотҳои илмиву педагогӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои ҷорӣ намудан онҳо мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии муосир бояд ба якчанд бахш тақсим карда шавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касби. Тавр ки маълум аст, имрӯзҳо пеш аз ҳама дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ниёз ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ мебошад. Зеро донишомӯз агар аз хурди дар руҳияи технологӣ тарбия карда шавад, метавонад, ба яке аз беҳтарин мутахасисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ мубаддал гардад.

Дар замони муосир меҳвари асосии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ба омӯзиши барноманавсӣ ва баланд бардоштани қобилияти фикронии донишомӯзон нигаронида шудааст. Дар ин замина барноманависи машҳури амрикоӣ Марк Сукерберг оид ба муҳиммияти барноманависӣ чунин ақида баён кардааст: «Ман фикр мекунам, ки дар оянда на танҳо барноманависон, балки ҳама аз элементҳои барноманависӣ вобаста мебошанд». Ба ҳамин монанд – Стив Джобс мефармояд: «Дар ин кишвар, бояд ба ҳар кас барноманависӣ дарс дода шавад, зеро барноманависӣ фикр карданро меомӯзонад». Профессори лабораторияи Медиа дар институти технологии Массачусетс Митч Резник бошад, тавассути видеомуроҷиатҳо чандин маротибаҳо қайд кардааст, ки: «Барноманависӣ на танҳо барои донандагони хуби компютер (барноманависон) зарур аст, балки он барои ҳама зарур мебошад. Хонандагонро барноманависӣ бояд омӯхт, то ин ки на танҳо «хондан», балки эҷод карданро низ омӯзанд».

Мавриди зикр аст, ки дар аксари давлатҳои мутараққӣ (Англия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Франсия, Этония, Лаҳистон ва ғайра) омӯзиши барноманависӣ дар синфҳои ибтидоӣ ва миёна машғул мешаванд. Дар макотибҳои ин давлатҳо сар карда аз синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон воситаҳо ва забонҳои барномасозии визуалӣ таълим дода мешавад. Дар забони мазкур барнома дар асосӣ блокҳои тайёр сохта шуда, дарки алгоритмҳои асосӣ хело сода мебошад.

Дар корҳо усули оптималии тадриси технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шудааст.

Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар муассисаҳои олии касбӣ. Дар муассиаҳои олии касбӣ низ зарур аст, ки ҳар сол нақшаҳои таълимӣ азнав карда шуда, навтарин технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин замина, зарур аст ки бо назардошти талаботи бозори меҳнати муосир технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷорӣ карда шаванд. Барои ихтисосоҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ зарур аст, ки навтарин технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷорӣ карда шуда, технологияҳои куҳна ва фанҳои таълимие ки истифодаи амалии он қадар зиёд надоранд аз нақшаи таълимӣ берун карда шаванд. Агар чанд сол забонҳои барноманавсии ба монанди: Visual Basic 6, Pascal, Delphi ва хусусан WinForm дар муассисаҳои олии касбӣ тадрис дода мешуданд, айни ҳол тадрис додани онҳо ғайри қобили қабул мебошад. Тадрис додани технологияҳи куҳна ин амал кардан ба сарқонуни садсол пеш амалкунанда баробар мебошад. Имрӯзҳо бояд омӯзиши технологияҳои муосир, тафакур ва зеҳни сунъӣ ва ғайра бояд дарс дода шавад.

Ба ҳамин монанд, зарур аст, ки барои ихтисосҳои филология, лингвистика ва дигар ихтисосҳое ки ба матн сару кор доранд фанни омӯзиши фанни бо номи «Коркарди забони табиӣ (NLP)» зарур мебошад. Барои ихтисосҳои иқтисодӣ ва менеҷмент зарур аст, ки фанҳои «Барноманависӣ дар 1С», «ERP (Enterprise resource planning) – системаҳо», «1С: Идоракунии ширкати мо», «Бехатарии иттилоот» ва ғайра тадрис дода шавад.

Ба ҳамин монанд, вобаста аз самти фаъолияти минбаъда, барои ҳамаи ихтисоҳо метавон технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии муосирро ҷорӣ намуд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии муосир метавон кадрҳое омода намуд, ки ба талаботи бозори меҳнати муоср ҷавобгӯ буда, барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвари азизамон ва хусусан баланд бардоштани обрӯву эътибори муассисаи хатм намуда саҳм гузоранд.

Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки дар айни ҳол ба донишҷӯён тадрис додани редакторҳои матнӣ, таърихи мошинҳои электронии ҳисоббарор, намудҳои принтеру сканнер ва ғайра чӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чӣ олии касбӣ ғайри қобили қабул буда, ба ҷойи он зарур аст, ки ба донишомӯз он чизҳое тадрис дода шавад, ки фоидаовар буда, дар оянда барои мутахасиси хуб шудани он кумак кунанд ва бевосита дар фаъолияти ояндаи он истифода шаванд.

Мирзоев Исматулло Назаралиевич – муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

 

Categories: News