Санаи 01.09.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҷлили Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ бо иштироки муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло баргузор гардид.
Чорабиниро директори коллеҷ, доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта ба донишҷӯёну хонандагон бурдбориҳо, роҳи омӯзиши фарох, бомақсад ва ояндадорро таманно намуда, ба устодону кормандон саломатии бардавом, хонаободию саодатмандӣ таманно намуд.
Зимин баромади хеш муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил оғоз мегардад. Дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ дар толори бинои асосӣ, ва дигар биноҳои таълимии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу суббот даъват менамояд. Дар дарси сулҳ пайваста Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят менамоянд.Таваҷҷуҳ ба сулҳу оромӣ дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон бори дигар андеша кунем. Масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замонҳо, бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне, сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Сипас, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло ба сухан баромада иброз намуд, ки фарорасии соли нави таҳсил ва рӯзи дониш, ки ба дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникиро табрик намуда, аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хоса, маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки: «Таҷлили Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад».
Бо ифтихор ва шарафмандӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти соф ва садоқат ба халқу ватан муттаҳид гардида, сараввал таърихи гузаштаи миллат, осори адабии гаронбаҳову оламшумули ниёгонамонро чун ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил, сарчашмаи пурғановат, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва мардумони дигар нақши пурарзиш бозидааст, омӯхта, дастуру раҳнамоиҳои Сарвари далатро сармашқи кори худ қарор дода, бо аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва бо роҳи дар амал тадбиқ намудани донишҳои омӯхтаамон дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошем.