Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рў, дар моддаи 2 Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин аз он шањодат медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад. Маҳз дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани мақоми забони давлатӣ ба чунин омилҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз чанд ҳазорсолаи халқи тоҷик аст; забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик маҳсуб мешуд; дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик ҳифз карда шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ қайд намуда буданд, ки «забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Чунонеки, мо аз таърих медонем садсолаҳо, сипари шуд баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд. Маҳз ба шарофати забони шево ва гӯёи мо, ки ба он илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс, дар фарҳанги халқи мо қавмҳои ҳоким омезиш ёфта, лафзи шаккарини дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад. Забони модарӣ яке аз аломати шинохти миллати тоҷик мебошад. Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад. Истиқлолияти давлатӣ дар посдории забони давлатӣ низ нақши муњим дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.
Дар ҳар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 21 июли соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад». Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ»-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид. Дар баробари ин, мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рўдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар сухан гёуфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушду тараққӣ кардани забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Албата забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст.
Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмўи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрўз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад. Дар ҳамин радиф Пешвои миллат чунин зикр менамоянд, ки «мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад». Албатта, дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд.
Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлатонро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.
Дар мулоқоти Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, Сарвари давлат оид ба масъалаҳои гуногуни рушди илми тоҷик таваҷҷуҳ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи забони тоҷикӣ ва махсусан ба мақоми илмӣ баровардани рушди забони тоҷикӣ ишора карда, боз як бори дигар бо пешниҳодҳои худ оид ба рушди забони тоҷикӣ дар суханронии хеш дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи октябри соли 2019) таъкид доштанд.
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории забони давлатӣ ба назар мерасад. Бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд. Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Тавре ки дар дебочаи Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, он вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд. Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад. Дар робита ба ин низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд. Тадбирҳои мазкур дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардиданд.
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад. Бояд зикр намуд, ки барномаи мазкур барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст. Нақши асарҳои Пешвои миллат дар густариши забони давлатӣ гавҳари сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, эътирофи забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат, густариши истифодаи забони давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ, инчунин ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ ташкил додааст. Бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ аз муқаддасоти давлат дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд. Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат дар таълифоти илмию таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор дода, иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид месозанд. Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» (2002), «Тоҷикон дар оинаи таърих.Китоби сеюм. Аз Ориёнто Сомониён» (2006), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», (2006), суханрониҳояшон дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун оид ба сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд. Дар ин радиф, махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд.
Хулоса ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Ёдовар намуд, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.
Рауфзода Комронҷон Қадриддин – ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ