Санаи 13.01.2025 директори Коллеҷи техникӣ, доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон дар оғози ҷаласаи васеи назоратӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ – Азизмамадова Зулфия Сафармамадовна ва мудири кафедраи электроэнергетика Муродов Холаҳмадро бинобар сабаби қадрдонӣ гардиданашон бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти №01 аз 02 .01.2025 бо мукофоти соҳавии Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, мукофотҳои соҳавиро супориданд.

Қайд гардид, ки дастоварди мазкур ба омӯзгорони Коллеҷи техникӣ арзанда буда, нишонаи заҳматҳои пайваста, садоқати беандоза ва саҳми бузурги онҳо дар таълиму тарбияи насли ояндасоз мебошад. Бо меҳнати софдилона ва кӯшишҳои беназири худ омӯзгорони коллеҷи мо намунаи ибрати ҳамкасбон ва шогирдон ҳастанд.

Раёсати коллеҷ ва ҳайати омӯзгорон аз ин дастоварди омӯзгорони муассиса ифтихор намуда, дар фаъолияти касбӣ, қуллаҳои баландро комёбӣ намуда, нерӯю илҳоми тоза ва дастовардҳои навро таманно доранд!

Categories: News