Азимов Холиқназар Ҳакимович
ҲАКИМОВ ЗАЙИРЖАН РУЗИБАЕВИЧ
Раҳмонзода С. С.
МАЪЛУМОТИ УМУМИ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ИЛМ
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии коллеҷ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Оинномаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Нақшаи кории солонаи шуъбаи илм, ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ шудааст.
Дар айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар Ҳакимович фаъолият намуда истодааст.
Қисми илм ва инноватсия сохтори таркибии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст. Шуъбаи илм ва инноватсия дар сохтори коллеҷ соли 2016 ташкил карда шуда, таъиноти асосии он назорат ва такмили фаъолияти илмии муассисаи таълимӣ мебошад. Шуъбаи илм ва инноватсия бо кафедраҳои коллеҷ ва донишҷӯён фаъолияти зич дошта, ташкил ва гузаронидани конференсияҳои сатҳҳои гуногун, маҳфилҳои илмӣ, ҷамъияти илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра масъул мебошад. Корҳои илмии омӯзгорон ва фаъолияти илмии кафедраҳо ҳамеша таҳти назорати шуъбаи илм мебошад.
Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳайати омӯзгорон, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ бо қарори Шӯрои олимон аз 27.12.2016, №6 (9.5) муайян намудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
Албатта ин Қарори Шӯро таъсири мусбӣ расонида, дар давоми 5 соли охир 3 нафар омӯзгорони коллеҷ рисолаи докторӣ ва 21 нафар рисолаи номзадиашонро дар Шӯрои диссертатсионӣ ҳимоя намуда, ҳайати омӯзгорону профессоронро тақвият бахшиданд. Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар давоми сол ба нақша гирифта шуда, бо иштироки меҳмонон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар сатҳи баланд баргузор мешаванд.
Дар коллеҷ нашри маҷаллаи «Навовари ҷавон» аз соли 2015 ба роҳ монда шудааст, ки моҳе як маротиба нашр карда мешавад. Ҳаёти имрӯзаи коллеҷ, дастовардҳо ва камбудиҳо, оид ба фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён дар маҷаллаи мазкур васеъ нашр карда мешавад.
Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон мунтазам дар раванди таълим дар коллеҷи техникӣ татбиқ гардида, барои таҷдиди маводҳои лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ-методӣ истифода мегарданд.
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то соли 2025 тасдиқ карда шуда, асосан 10 самти илмӣ-тадқиқотиро дар бар гирифтааст. Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд.
Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ дар коллеҷ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд. Самтҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар коллеҷ аз рӯи соҳаҳо чунин аст:
- дар соҳаи энергетика самти тадқиқот «Омӯзиши хосиятҳои ноқилҳо ва нимноқилҳо дар асоси хулаҳои алюминии тайёршуда»;
- дар соҳаи алоқа самти тадқиқот «Хосиятҳои мавҷҳои электромагнитӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи алоқа»;
- дар соҳаи саноат самти тадқиқот «Коркард ва истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолоти мошинсозӣ ва мебел»;
- дар соҳаи нақлиёт самти тадқиқот «Истифодабарии бехатарии нақлиёти автомобилӣ»;
- дар соҳаи технологияи иттилоотӣ самти тадқиқот «Нақши технологияи иттилоотӣ барои ҷори намудани иқтисодиёти рақамӣ»;
- дар соҳаи иқтисодиёт самтҳои тадқиқот «Муаммоҳои молия ва ҳисобдорӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт» ва «Саноатикунонии кишвар омили рушди иқтисодиёти миллӣ»;
- дар соҳаи забонҳо самти тадқиқот «Баландбардории савияи дониши хаттӣ ва шифоии донишҷӯён»;
- дар соҳаи фанҳои математика самти тадқиқот “Муодилаҳои интегралӣ-сингулярӣ ва татбиқи онҳо барои ҳалли масъалаҳои канорӣ” интихоб ва тасдиқ шудааст.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса нисбати фаъолияти шуъбаи илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Барои баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули зеҳнии донишҷӯён дар муассиса маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар назди кафедраҳо ва ҷамъияти илмии донишҷӯён дар назди шуъбаи илм ва инноватсия, шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолият менамоянд. Омӯзишу такмили забономӯзӣ, махсусан, забони русию англисӣ ва технологияи иттилоотӣ барои омӯзгорону донишҷӯён яке аз нуктаҳои муҳими паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Омӯзгорони коллеҷи техникӣ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи мавзӯҳои самти тадқиқоти кафедра иҷро менамоянд. Дар давоми 5 соли охир 33 нафар омӯзгорони доимии коллеҷ ҷиҳати иҷроиши корҳои илмӣ ба натиҷаи назаррас ноил гардиданд, ки аз инҳо 30 нафар барои дарёфти дараҷаи номзади илм ва 3 нафар барои дарёфти дараҷаи доктори илм рисолаи илмиашонро дар Шӯроҳои диссертатсионӣ бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Пояи моддӣ-техникии коллеҷ барои иҷрои корҳои илмӣ қаноатбахш буда, дар соҳаи иқтисодӣ, барномасозӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ, энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳиссаи асосии ҳайати омӯзгорони доимии коллеҷ самти иқтисодӣ, гуманитарӣ, забонҳо, математика ва технологияи иттилоотиро ташкил медиҳад.
Маъмурияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷиҳати банақшагирӣ, ташкил ва самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии воҳидҳои сохторӣ ва омӯзгорон нишон медиҳад, ки кор дар ин самт дуруст ба роҳ монда шудааст.
Омӯзгорони коллеҷ барои навиштани монография низ диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар давоми 5 соли охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 27 монография ба таъб расидааст.
Омӯзгорони коллеҷ бобати гирифтани патент барои кашфиёт ва натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кӯшиш менамоянд. Дар давоми 5 соли охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷи техникӣ аз натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 8 патент ба даст оварда шудааст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки шуъбаи илм воҳиди сохтории коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати машғул шудани омӯзгорон бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат менамояд. Дар давоми фаъолият бо омӯзгорони ҷавон ҳамкорӣ намуда, барои дохил шудани онҳо ба аспирантура ва докторантураи PhD дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз номи маъмурияти коллеҷ бо мактуби расмӣ пешниҳод менамояд. Фаъолияти илмии аспирантон ва докторантони PhD, ки ҷиҳати тайёркунӣ ва азнавтайёркунӣ пайваста таҳти назорати худ гирифтааст.
Айни замон 65 нафар омӯзгорони коллеҷ аз инҳо 29 нафар унвонҷӯён, 12 нафар докторантон (Phd) ва 24 нафар аспирантон дар аспирантураҳо ва докторантураҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аспирантону унвонҷуён аз рӯи самти тадқиқоти зерин таҳсил мекунанд: 08.00.01-назарияи умумии иқтисодӣ, 08.00.05-иқтисодиёти хоҷагии халқ, 01.01.01-таҳлили ҳақиқӣ ва комплексӣ, 02.00.07-таърихи ватанӣ, 02.00.03-химияи органикӣ, 13.00.01-педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), 02.00.04-химияи физикӣ, 25.00.27-гидрологияи хушкӣ, манбаҳои обӣ гидрохимия, 01.01.14-теплофизика, теплотехникаи назариявӣ ва 05.13.18-моделиронии математикӣ.
Мутобиқи нақшаи баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ амалӣ дар коллеҷ баргузор мегардад. Ҳамасола моҳи апрел бахшида ба рӯзи илм, конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯҳои гуногун баргузор мегардад. Дар конференсияҳои апрелии мазкур ҳамасола зиёда аз 100 мақола аз тарафи олимон ва омӯзгорон пешниҳод мегардад, ки маводи конференсия чоп карда мешавад. Дар давоми 5 соли охир дар коллеҷ зиёда аз 80 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ баргузор карда шудааст. Конференсияҳои баргузоршуда асосан бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ гузаронида шудаанд.
Дар давоми 5 соли охир дар сатҳи коллеҷ зиёда аз 30 маротиба конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуҳои гуногун гузаронида шудааст, ки омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 1500 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавию сиёсиро нашр намудданд. Инчунин аз тарафи омӯзгорони коллеҷ дар давоми 5 соли охир 27 монография нашр карда шудааст.
Дар сатҳи коллеҷ дар давоми 5 соли охир зиёда аз 80 конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва амалию фарҳангӣ гузаронида шуда, зиёда аз 150 маҳфили илмии донишҷӯён, 120 ҷамъияти илмии донишҷӯён, 150 семинар ва мизҳои мудаввар бо ташаббуси воҳидҳои сохтории коллеҷ гузаронида шудааст.
Омӯзгорони коллеҷи техникӣ дар давоми 5 соли охир, 8 патент, зиёда аз 1100 мақолаи илмӣ, 200 дастури таълимӣ ва зиёда аз 500 адад мақолаҳои илмӣ, сиёсӣ, оммавӣ ва ғайра, дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва коллеҷӣ нашр намуданд.
Дар назди кафедраҳои коллеҷ маҳфилҳои илмии донишҷӯён (МИД) фаъолият мекунад. Дар назди кафедраи физика ва телекомуникатсия МИД “Зуҳал”, назди кафедраи электроэнергетика МИД “Барқчиён”, назди кафедраи нақлиёт ва технология МИД “Нақлиётчиён ва технологони ҷавон”, назди кафедраи сохтмон ва меъморӣ МИД “Меъмори муосир”, назди кафедраи забонҳо “Забондон”, назди кафедраи химия ва экология МИД “Химикон ва экологони ҷавон”, назди кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ МИД “Маҳвора”, назди кафедраи математика ва информатика МИД “Математикони ҷавон”, назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ “Ганҷи дониш”, назди кафедраи молия ва ҳисобдорӣ МИД “Муҳосиби ҷавон” ва назди кафедраи иқтисод ва идора МИД “Иқтисодчӣ” фаъолият мекунад.
Соли 2015 рӯзномаи коллеҷ «Навовари ҷавон» ба фаъолият шурӯъ намуд, китобхонаи электронӣ, Шӯрои олимони ҷавон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён таъсис дода шуданд. Бояд қайд кард, ки бо мақсади пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва фаъолияти минбаъда, маҷаллаи тақризшавандаи илмии «Паёми коллеҷи техникӣ» таҳия ва таъсис дода шудааст. Маҷаллаи тақризшавандаи илмии «Паёми коллеҷи техникӣ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №188/мҷ-97 аз 19.02.2021 сабти ном ва бақайд гирифта шудааст.
Донишҷӯёни коллеҷи техникӣ бо ихтироъкорӣ машғул буда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷойи аввалро ишғол намудаанд.
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва олимону муҳаққиқон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт комиссияи коллеҷӣ барои гузаронидан ва ҷамъбаст намудани даври якуми (дар муассиса) озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар ҳайати 16 нафар таъсис дода шуд. Нақша-чорабиниҳо барои баргузор ва ҷамъбаст намудани озмуни мазкур дар коллеҷ иборат аз 12 банд таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи нақша бо ғолибони ҳар як номинатсияи озмун кор бурда мешавад.
Санаи 28.05.2021 дар АМИТ даври ноҳиявии маҳфил-озмӯни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик бахшида ба “Нақши китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид, аз коллеҷи техникӣ донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-25013104 Неъматзода Бону – сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-700201 Нусратуллои Сафархон– сазовори ҷойи 2-юм ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-361131 Умарзода Ҷонибек сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Санаи 09.06.2021 даври 2-юми (даври ноҳиявӣ) озмӯни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ҷамъбаст карда шуд. Аз рӯи номинатсияи биология донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-250132 Мудуғова Малоҳат ва аз рӯи номинатсияи технологияи иттилоотӣ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 2-400101 (4-сола) Раҳмонов Юсуфҷон сазовори ҷойи 3-юм гардида, ба даври 3-юми (даври шаҳрӣ) озмуни мазкур роҳ ёфтанд. Аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни аспирантону докторантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон, мудири озмоишгоҳи физика ва телекоммуникатсия Алиев Рустам сазовори ҷойи 2-юм гардида, ба даври 3-юми (даври шаҳрӣ) озмуни мазкур роҳ ёфт.
Маъмурияти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабинии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1445 аз 31-уми январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, озмуни кушоди ҷумҳуриявиро 12-13-уми моҳи марти соли 2021 байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз фанҳои физика ва математика баргузор ва ҷамъбаст намуд. Ба озмун 83 нафар иштирокчиён (39 нафар аз фанни физика ва 44 нафар аз фанни математика) аз 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ғолибону иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз тарафи маъмурияти коллеҷи техникӣ бо диплом, ифтихорнома, сипоснома ва маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.