Рӯзи 23.01.2024 дар толори фарҳнгии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон: раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насим, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро директори коллеҷи техникӣ доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор – Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуқтаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя, ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар меҳвари сиёсати олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки дар Паёми имсола низ ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Вобаста ба ин мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир тамоми малакаву маҳорати худро сарф намоем.
Сипас, зимни баромади хеш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, изҳор дошт, ки Пайёми Президентӣ мамлакат сухани самимӣ, барномаи қавлу амал навиди раҳнамо ба сӯи фардои дурахшони кишвар аст. Дар низоми давлатдории миллӣ соҳаи маориф самти калидии сиёсатӣ маорифпарваронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар даврони истиқлолияти мамлакат соҳаи маориф ба тадриҷ рушд карда, барномаҳои нави таълимӣ китобҳои дарсӣ рушди нерӯи зеҳнии ҷавонону наврасон навиди тоза касб кард. Дар ин росто бобати таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеаи кишвар, ҷавонон озмунҳои нав ва фарогир рӯи кор омада, чеҳраҳои хушзавқ ва донишманд дарёфт гардид.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насим дар бораи нуқтаҳои муҳимми Паёми солонаи Президенти мамлакат, дастгириву иқдомоти мондагору таърихии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва нақши ин қишри созандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуд.
Ҳомидзода Насим дар баромади худ қайд намуд, ки Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Сипас, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин ба сухан баромада, атрофи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, аҳамият ва мубрамияти тамоми масъалаҳои матраҳгардида дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, аз қабили эҳтироми падару модар, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ ва касбомӯзӣ, тақвияти забондонии мардум, махсусан ҷавонон ва кормандони сохторҳои давлатӣ, пешгирӣ намудани насли ҷавон ҷиҳати нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин, доир ба нақш ва мақоми Паёми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои калидии кишвар, аз ҷумла соҳаи илму маориф суханронӣ намуданд.