Санаи 28.08.2023 дар толори бинои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти раёсати директори коллеҷ, доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор, муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон бо иштироки ҳайати устодону кормандон, профессорон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо, ва роҳбарони зерсохторҳои коллеҷ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Сараввал директори коллеҷ, доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсили 2023-2024 ва ҷашни дар пешистода яъне 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз муваффақиятҳои назарраси коллективи меҳнатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардид ва саҳми коллективи меҳнатии коллеҷро дар раванди мазкур назаррас арзёбӣ намуд.

Зимни баромади хеш директори коллеҷ Саидзода Масрур Мирзохон аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат нисбати соҳаи илму маориф ёдовар гардида, зикр намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҳар яки мо рисолати хешро софдилона иҷро карда бошем.

Қайд карда шуд, ки солҳои охир дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, коллеҷи техникӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Роҳбари муассиса таъкид намуд, ки новобаста аз муваффақиятҳои бадастомада дар ҳоли расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар моро зарур аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро роҳандозӣ намоем.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи “Нақшаи кории Шӯрои олимон, ҷаласаҳои раёсат, ва нақшаҳои кории дигар сохторҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ барои соли таҳсили 2023-2024” баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Дар ҷаласа дар бораи “Омодагии сохторҳои коллеҷ, садорати факултетҳо ва кафедраҳо, шӯъба ва раёсатҳо ба соли таҳсили 2023-2024” роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баромад намуда, оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсил ҳисобот доданд.

Дар охир директор, доктори илмҳои техникӣ, и.в профессор Саидзода Масрур Мирзохон ба кулли кормандону омӯзгорони коллеҷи техникӣ иброз дошт, ки ҳар яки мо дар мутобиқ сохтани сифати таҳсилот мувофиқи меъёрҳои соҳаи маориф ва ҳукумати мамлакат, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷӯён, бахусус, дар самти илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, иқтисодиёти муосир, ташаккул додани тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономӯзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омӯзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, таърихи халқи тоҷик ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.

 

Categories: News