Рўзи 30.03.2024 дар факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи: “Ифтихори ватандорӣ ё нақши хотираи таърихӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ” аз тарафи кормандони раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ ва бахши фарҳанг баргузор гардид.
Зимни баргузории дарси кушоди тарбиявӣ, мудири бахши фарҳанг Акрамова Нуринисо баромад намуда, қайд намуд, ки Ватани азизамон Тоҷикистон, бо миллати мутамаддин, бо забони фасеҳ, бо таърихи бойи аҷдодонамон ифтихор менамояд. Сарфароз аз онем, ки зодаи Тоҷикистон – давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба меҳнат, манзил, таҳсил, истироҳат, кафолати таълими иҷтимоӣ ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем.
Инчунин дар рафти баргузории дарси кушоди тарбиявӣ омӯзгорону донишҷӯёни фаъол баромад намуда, оид ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ва ҳамеша шукри итстиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.
Бахши матбуот