Санаи 13.03.2024 дар толори китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 88 нафар донишҷӯёну устодон аз рӯи чор номинатсия иштирок намуданд.

Сараввал муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Холиқназар муҳтавои озмунро ба иштирокчиёни озмун шарҳ дода, ба онҳо ҳайати комисияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро муаррифӣ намуда, иштирокчиёнро бо низоманомаи озмун шинос намуд. Сипас, имтиёзҳои озмунро ба иштирокчиёни озмун фаҳмонида, ба онҳо муваффақият тамано намуд.

Баъдан мудири кафедраи забони тоҷикӣ Ташрипов Насриддин ва мудири бахши фарҳанг, Акрамова Нуринисо қайд намуданд, ки мо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ вазифадорем, ки сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои илму дониш дастгирӣ намоем. Мову Шумо медонем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси Пешвои миллат баргузор мегардад, ки дар саросари кишвар дар 4-давр гузаронида мешавад. Айни замон мо даври аввали озмуни мазкурро гузаронида истодаем.

Хушбахтона дар даври аввали номинасияҳои озмуни мазкур 12-нафар омӯзгорон ва 76 – нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тибқи руйхати пешниҳодкардаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ – Ташрипов Н. иштирокчиёни озмун 88-нафарро аз номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир ва эҷоди назму наср аз шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ, факултети энергетика ва нақлиёт, сохтмон ва технологияи иттилоотӣ, муҳандисию иқтисодӣ ташкил мекарданд.

Дар ҷамъбасти даври аввали озмун аз тарафи комисия озмун хулоса бароварда шуд, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни зикргардида ба даври ноҳиявӣ сафарбар мегардаданд, ки аз инҳо: 2-нафар дар номинатсияи эҷодии назм, 3-нафар дар номинатсияи адабиёти классикӣ ва 2-нафар дар номинатсияи адабиёти муосир, 2-нафар дар номинатсияи эҷодии наср, мебошанд.

Дар охир ба ғолибони даври якуми озмуни мазкур супориш дода шуд, ки барои нуфузи коллеҷ кӯшиш намуда, то даври ноҳиявии озмун омодагии хуб бинанд ва муаррифгари худ ва коллеҷ гарданд.

Categories: News