Санаи 27.10.2022 дар толори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ – амалӣ бахшида ба “30-солагии иҷлосияи 16-уми шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзӯи “30 соли ҳамбастии ҷавонон бо Пешвои миллат” бо иштироки намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ғафорзода Ю. ва  омӯзгорону, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

     Мудири бахши фарҳанги коллеҷи техникӣ Акрамова Нуринисо ба сухан  баромада, меҳмонро муаррифӣ намуда сухани табрикотӣ намуд.

Акрамова Н. Зимни баромади хеш мазмун ва муҳтавои баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маънидод намуда қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буд, ки Тоҷикистон ба бисёр дастовардҳо ноил шуд.

Сипас, корманди раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ғафорзода Юнус оиди масъалаи мазкур баромад намуда, қайд намуд, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мункин аст: амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар хизмат намудаанд. Амалҳои иртиҷоӣ ва монеавӣ дар инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон хеле мураккаб ва зиёд рух додаанд. Иртиҷоитарин ва хавфноктарини онҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки дар сатҳи баландтарин – ҷанги ҳамватанӣ ба амал омаданд. Корҳое, ки дар замони Истиқлолият баҳри ҳимоя ва инкишоф карда шудааст, чандон кам нестанд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд.Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Дар охири баромади худ қайд баҳри донишҷӯён як масъалаи муҳимро қайд намуд, ки бояд имрӯз ҷавонон ҳушёри ва зираки сиёсиро аз даст надиҳанд, чун ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон мебошад ва ҳамаи устодон ва донишҷӯён бахшида ба “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуда ба онҳо сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Муҳаммадаминов Муҳаммадлатиф ба сухан баромада, қайд намуд, ки бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

 

 

 

Categories: News