Санаи 15.05.2024 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша – чорабиниҳои раёсат дар пояи кафедраи сохтмон ва меъморӣ ва кафедраи нақлиёт ва технология конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 100 сологии шаҳри Душанбе дар мавзӯи: «Нақши меъмориву сохтмон дар инкишоф ва рушди инфрасохтори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур олимону мутахассисони соҳа: Тиллоев Сангаҳмад Самадович – доктори илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармими ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Ғафурзода Ҷалолиддин Садриддин – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳҳои оҳани ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Шокиров Раҷабалӣ Маҳмадалиевич – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоотҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Асозода Комрон – роҳбари корхонаи лоиҳакашӣ ва дизайнерии “Сабқ ва тарҳ”, фаъолона ширкат намуданд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар – конференсияро кушода, меҳмононро муаррифӣ намуда қайд кард, ки
рушди соҳаи нақлиёт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бешубҳа, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “… бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия маърӯзачиён: Тиллоев Сангаҳмад Самадович – д.и.т, дотсенти кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармими ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯи: “Амалигардии нақшаи генералӣ сабабгори дигаргунии симои шаҳр”, Ғафурзода Ҷалолиддин Садриддин – н.и.т., дотсенти кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳҳои оҳани ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи: «Самти нақлиёт дар замони соҳибистиқлолӣ», Шокиров Раҷабалӣ Маҳмадалиевич – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоотҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи: “Рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир”, Асозода Комрон – роҳбари корхонаи лоиҳакашӣ ва дизайнерии “Сабқ ва тарҳ” дар мавзӯи: “Роҳҳои муваффақ шудан дар соҳаи меъморӣ ва дизайн”, Шарипов Наврӯз Умедович донишҷӯи курси 4-уми ихтиссоси 2-690101 – меъмории коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи: “Таджикистан: от камня до бетона, эволюция вековых традиции” маърӯза намуданд.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.