Имрӯз дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, бахшида “Рӯзи энергетикҳо” дар мавзуи “Рушди соҳаи гидроэнергетика дар ҶумҳурииТоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмонон: доктори илмҳои химия, профессор, академики академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Ғаниев Изатулло Наврузович, Қасобов Лоиқ Сафарович – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Конференсияро директори коллеҷ, доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи энергетикҳо” шодбош гуфта, қайд намуд, ки рушди соҳаи энергетика дар тӯли 33-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва 22 декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 сол пур мешавад.
Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гардида, имрӯз он дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.
Боиси қайд аст, ки бо дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман ба рушди соҳаи энергетика эътибори хоса дода шудааст. Сарвари кишвар, бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён: д.и.х., профессор, академики АМИТ – Ганиев Изатулло Наврузович дар мавзӯи “Теплофизические, термодинамические и электрохимические свойства свинцово – сурмяного сплава ССУ3 с литием, натрием и калием, Қасобов Л.С- н.и.т., дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, дар мавзӯи “Ҳолат ва рушди дурнамои энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муродов Х.С.- муаллими калони кафедраи электроэнергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи М.Осимӣ, дар мавзӯи “Рушди гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, маъруза намуд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида , руҳияи омузгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд.
Дар конференсияи мазкур дар маҷмӯъ 52 мақола бо забони тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, баъд аз баррасии ҳайати тадорукот ҳамаи онҳо ба маҷмӯаи конференсия ворид гардида, нашр карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ дар толори фарҳнгии коллеҷ бахшида ба Рӯзи энергетикҳо барномаи фарҳангию фароғатии бахши фарҳанги коллеҷи техникӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Дар фарҷом бахшида ба Рӯзи энергетикҳо маърузачиён ва як қатор омӯзгорони фаъол бо ифтихорномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бахши матбуот