Санаи 22.12.2022 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, бахшида “Рӯзи энергетика” дар мавзуи “Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур доктори илмҳои химия, профессор, академики академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Ғаниев Изатулло Наврузович, роҳбари маркази омӯзиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар назди Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика – Ботуров Қодир, мудири лабораторияи электроникаи квантии Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика – Алидодов Тутишо Мералишоевич инчунин, мудири лабораторияи стрескопӣ – малекуллавии Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, номзади илмҳои техникӣ – Бахтдавлатов Асратбек Давлатбекович иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи энергетикҳо” шодбош гуфт.
Дар рафти конференсия иштирокчиён: д.и.х., профессор, академики АМИТ – Ганиев Изатулло Наврузович дар мавзӯи “Истифодаи алюминий дар соҳаи электротехника”, н.и.ф.м. – Ботуров Қодир дар мавзӯи “Манбаҳои барқароршавандаи энергия”, н.и.ф.м. Алидодов Тутишо дар мавзӯи “Истифодаи пайвастагиҳои нимноқилӣ дар соҳаи энергетика ва телекоммуникатсия” инчунин, Пирова Хайринисо муаллими калони кафедраи физика ва телекоммуникатсия дар мавзӯи “Энергия офтоб” баромад намуда, маъруза намуданд.
Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, руҳияи омузгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд.