Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус, имрӯз аст, зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Бояд зикр кард, ки варзиш дар саломатии инсон аҳамияти бузург дорад. Тавре Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, «Агар солиму бардам, тавонманд будан хоҳед ва агар нахоҳед, ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машғул шавед».
Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз тарафи кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ ҳар ҳафта як маротиба дар назди даромадгоҳи биноҳои таълимии коллеҷ пеш аз оғози дарсҳо баҳри солимӣ, бардамӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим мунтазам машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор менамоянд.