Санаи 26.03.2024 дар факултети энергетика ва нақлиёти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ мизи мудаввар дар мавзӯи: “Террорист кист мақсад ва ҳадафи терроризм чист?” бо иштироки кормандони раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ, бахши фарҳанг, омӯзгорону донишҷуён ва кормандони факултет баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар, мудири бахши фарҳанг Акрамова Нуринисо ва дигар иштирокдорон терроризмро ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва ҷинояткории муташаккил ба муқобили ҳаёти осуда ва амнияти ҷомеа маънидод намуданд.
Қайд карда шуд, ки терроризм – яке аз зуҳуроти номатлуби асри замон буда мақсад ва ҳадафи асосиаш аз байн бурдани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани инсоният мебошад.
Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил доданамон зарур аст то аз терроризм ҷилавгирӣ намоем.
Бахши матбуот