Санаи 15.02.2023 тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ дар факултети энергетика ва нақлиёти коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ озмуни “Ҳунар омӯз к – азҳунармандӣ” дар байни донишҷӯдухтарони факултет гузаронида шуд. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ин озмун рушду нумуъ додани ҳунару ҳунармандӣ ва дарёфти чеҳрахои ҳунарманд мебошад. Рафти баргузории озмуни мазкурро намояндагони раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ назорат намуданд, озмун пурра дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз рафти баргузории озмун маълум гардид, ки садорати факултет пурра масъулияти худро ба душ дошта, ва баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешидаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки озмуни мазкур дар дигар факултетҳои коллеҷ тибқи нақша то охири моҳи феврал баргузор мегардад.