ЭКСТРЕМИЗМ-РОҲ БА СӮИ НОБУДӢ!

Санаи 08.12.2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникӣ бо иштироки меҳмонон: декани факултети Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа Имоми Аъзам доктори илмҳои фалсафа Каримов Абдураҳим ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Ғаффорзода Билол ҳамоиш дар мавзӯи «Экстремизм-роҳ ба сӯи нобудӣ!» баргузор гардид. Мудири шуъбаи кор Read more…

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ- АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ  ТАҲТИ УНВОНИ «АЛО ШЕЪРИ АҶАМ, ФАРДО МАРО ТУ ЗИНДА ХОҲӢ ДОШТ»

Санаи 17.12.2021 дар толори қироатхонаи коллеҷи техникӣ маҳфили илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ  таҳти унвони «Ало шеъри аҷам фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт» бо иштироки шоира Зарафшони Хуросон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Назаров Холназар – мудири кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро Read more…

Ҳисоботи солонаи Директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Холматов Рустам Буранович “Оид ба натиҷаи фаъолияти Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар соли 2021 ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соли 2022”

Санаи 29.12.2021 дар толори маҷлисгоҳ бо иштироки тамоми омӯзгорон ва кормандони  коллеҷи техникӣ ҳисоботи директори коллеҷи техникӣ Холматов Р.Б. “Оид ба натиҷаи фаъолияти коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар соли 2021 ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соли 2022” шунида шуд. Холматов Р.Б. зимни баромади худ ҷиҳати Read more…

РИШВАХӮРИ ВАБОИ АСРИ 21

Санаи 09.12.2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдукарим М.А. конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар мавзӯи «Ришвахӯрӣ вабои асри 21» баргузор гардид. Муовини директор оид ба тарбия Қиматби Э. меҳмонро ба донишҷӯён ва хонандагон муаррифӣ Read more…

СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2022 МУБОРАК!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо самимияту эҳтироми бепоён Шуморо ба муносибати соли нави мелодии 2022 сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон нишоту шодмонӣ, саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор, номи нек, комёбиҳои беназири сиёсӣ, тинҷию оромӣ ва хушиҳои ҳамешагии зиндагиро таманно менамоям. Боиси ёдоварист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва талошҳои Read more…

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ

Санаи 12.11.2021 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ-фароѓатӣ таҳти унвони” Пешвои мо-ифтихори мо”баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон: Гулаҳмадзода З.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Вализода М.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Read more…

КОНСТИТУТСИЯ – ТАҶАССУМГАРИ АДОЛАТ

Санаи 5-уми ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ  баргузор гардид. Дар конференсияи Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Яқуб Бахтиёрдинович – сармутахассис ва Раҳмонов Ҳикматулло – мутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзии истифодаи Read more…

РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК БОД!  

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бо камоли самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ, осмони софу беғубор ва хушиҳои рӯзгорро таманно менамояд. Ҷуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд  менамоянд, «Конститутсияи Read more…

ҶАШНАТОН  МУБОРАК БОД ОМӮЗГОРОНИ  АЗИЗ!

Омӯзгорони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям. Омӯзгор шахсест, ки ӯ ҳамеша дар талоши илмандӯзӣ, ботамкинӣ, хушгуфториву хушрафтории шогирд мебошад. Чеҳраи устод ҳамон вақт кушодаву хандон, умедбахшу созгор мешавад, ки шогирдаш дар талоши илмомӯзӣ бошад. Read more…

9-СЕНТЯБР – РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳамаи шумо, устодони азиз, донишҷӯёни гиромиқадр ва дар симои шумо аҳли ҷомеа, падарону модарон, шаҳрвандони шаҳри зебои Душанберо ба ифтихори 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям. Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта Read more…