БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД” ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ

Санаи 7-уми майи соли 2024 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии идона ба муносибати 79-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид. Чорабинии мазкур тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ бо ташаббуси факултети энергетика ва нақлиёт таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ Read more…

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН РУКНИ АСОСИИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТРО ТАШКИЛ МЕНАМОЯД

Санаи 02.05.2024 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва раёсати коллеҷ ҳамоиш таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо Read more…

ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР! Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Шафиева Меҳрона ва Маҳмадов Сулаймон дар соли 2024 “ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” гардиданд. Раёсати коллеҷи техникӣ ба Маҳмадов Сулаймон ва Шафиева Меҳрона ҷиҳати идомаи таҳсилашон бо баҳои аъло комёбиҳо таманно намуда, аз Раиси шаҳри Душанбе Read more…

ҚАДРДОНИИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ барои саҳми арзанда дар ташкилу баргузорӣ ва иштироки фаъолона намудан дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ!

Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ Раҳимов Иброҳим бинобар даргузашти модарашон изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабру шикебоӣ мехоҳад.

ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Омӯзгорону кормандони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ: Саидзода М.М., Азимов Х.Ҳ., Ниёзов Ҳ.Ҳ., Сафаров А.Ғ. ва Раҳимов Н.И. аз натиҷаи корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ аз ҷониби ММПИ сазовори нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № TJ 1487 бо номи “Хӯлаи электротехникии алюминий” гардиданд.

ПРЕДСТАВИТЕЛЬ КАЗАНСКИЙ ГОСУДАРСТВЕНЫЙ ЭНЕРГЕТИЧЕСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ РОССИЙСКОЙ ФЕДЕРАЦИИ ПРИНЯЛА УЧАСТИЕ В МЕЖДУНАРОДНОЙ КОНФЕРЕНЦИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ  

Доктор технических наук, профессор кафедры «Инженерная экология и охрана» труда Казанского энергетического университета Эльвира Зверева посетила Технический колледж Таджикского технического университета имени академика М.Осими с 18 по 20 марта 2024 в составе российской делегации. Принимал гостей директор Технического колледжа ТТУ, доктор технических наук Саидзода Масрур Мирзохон. Эльвира Зверева, совместно с Read more…

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ДОШТАН ВА АРҶ ГУЗОШТАН БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

Санаи 29.04.2024 тибқи нақшаи раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ ва бахши кор бо ҷавонони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар толори китобхонаи коллеҷ, дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҳисси баланди ватандӯстӣ доштан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ” аз тарафи кормандони раёсати болозикр бо иштироки донишҷӯёну хонандагон баргузор гардид.

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН

Санаи 27.04.2024 тибқи накшаи кории бахши таҷрибаомӯзии раёсати таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар муассиса ҷиҳати сафарбар намудани хатмкунандагон ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ, вохурӣ баргузор гардид. Дар раванди вохӯрӣ оид ба тартиби гузаштан аз таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва ҷамъоварии ҳисоботҳои таҷрибаомӯзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Донишҷӯёни хатмкунанда вобаста ба Read more…