Санаи 05.05.2021 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта шуд, ки дар он иштирок доштанд: Гулаҳмадзода Зулфиқор – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиғоти иттилоотӣ Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Шарипова Қиматбӣ – раиси Чернобелчиёни н.Шоҳмансур, Қудратов Раҳмат- раиси собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Директори коллеҷи техникӣ Холматов Рустам Буранович меҳмонон, устодон ва донишҷӯёнро ба ин даргоҳи илму маърифат хайра мақдам намуд.

Зимни баромади худ Гулаҳмаҳзода З.А. қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам радифи ҳамингуна санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд.Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Қудратов Раҳмат дода шуд. Раиси собиқадори ҷангу меҳнат Қудратов Раҳмат суханронӣ намуда, донишҷӯёну омӯзгоронро табрик таҳият гуфт.

Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиғоти иттилоотӣ Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар суханронии худ қайд намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо,ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд. Тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ба ҳамаи собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам қайд намуд Вализода Муҳаммад.

Ҷавонони фаъолу донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангию ватандӯстӣ чорабиниро фараҳафзо намуданд.

Дар интиҳо як гурӯҳ фаъолон меҳмононро бо тӯҳфаҳо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ

Categories: News