Кафедраи Иқтисодиёт ва идора
Фаъолияти кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар асоси талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оиннома»-и коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва «Низомнома»-и кафедра ба роҳ монда шудааст.
Кафедраи иқтисодиёт ва идора дар сохтори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз соли 1997 ташкил карда шудааст.
Мудири кафедра муаллими калони кафедра Ѓуломесуфов Нусайрӣ Мамадэсупович ба зима дорад.
Ҳаҷми коре, ки кафедра дар соли таҳсили 2023-2024 иҷро мекунад 5100 соат, 9 воҳиди кориро ташкил медиҳад, ки аз ин 3278 соат дар шуъбаи рузона, 600 соат дар шуъбаи ѓоибона ва 822 соат дар Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ хонда мешавад, ки 2200 соатҳои лексионӣ мебошад.
Аз ҳаҷми умумии корҳои таълимӣ 3500 соатро омӯзгорони асосӣ, иҷро мекунанд, ки 3300 соати он аудиторӣ мебошанд, 800 соат омӯзгорони ҳамкори дохила ва ҳамкори беруна иҷро мекунад ва 400 соат вакансия (180 соати фаъол ва 220 соат аз ҳисоби рисолаи дипломӣ ва таҷрибаомӯзӣ) мебошад.
Кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз руи ду ихтисос мутахассисон тайёр карда мекунад
2-27013127 – Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон ( баъди синфи 11, мӯҳлати таҳсил 3 сол)
2-27013127 – Иқтичодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон ( баъди синфи 9, мӯҳлати таҳсил 4 сол)
2 – 270131 05 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ
2-25011005 – Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои мошинсозӣ
2-250110 06 – Фаъолияти тиҷоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия
2-250110 16 – Фаъолияти тиҷорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ
2-270131 04 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои мошинсозӣ
2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва саноати сабук
2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ
Маълумоти мухтасар оиди ихтисосҳои дар кафедра амалкунанда.
Ихтисоси 2-25013104 –маблағгузорӣ ва комплексҳои агросаноатӣ, самти фаъолияти касбӣ бо тахассусӣ иқтисодчӣ дар комплекси агросаноатӣ мебошад. Объекти фаъолияти касбӣ, иқтисодчӣ, маблағгузорӣ ба комплекси агросаноатӣ, яъне соҳаи кишоварзӣ аз он ҷумла боғутокпарварӣ, пахтакорӣ, зироаткорӣ, пиллапарварӣ, асалпарварӣ мебошад.
2 – 270131 05 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-270131 05 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои нақлиётӣ, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрию- техникӣ, системаҳои стандартӣ, усулҳо, воситаҳои озмоишӣ ва санҷиши сифати батартибдарории онҳо, усулҳо ва намудҳои фаъолият, самти тафтишот, интихоб намудани роҳи самаранокӣ барои таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшударо дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-270131 05 ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад
2 – 270131 27 «Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон» – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2 – 270131 27 «Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон» бо тахассуси техник- иқтисодчӣ барномасоз МЕҲ, системаҳо ва шабакаҳо, системаи автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идора, системаҳои автоматонидашудаи лоиҳакашӣ, таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматонидашударо дар бар мегирад. Объектҳои фаъолияти касби техник-барномасоз ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ, ташкилӣ ва таъминоти ҳуқуқии соҳибкорӣ мебошанд
2-25011005 – «Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои мошинсозӣ» Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-25011005 – «Фаъолияти тиҷорати дар корхонаҳои мошинсозӣ» бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои мошинсозӣ, таъминоти фаъолияти истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии корхонаҳо бо маблаѓҳои молиявӣ (пулӣ), муайян кардани роҳҳои самараноки сармоягузорӣ ва баҳо додан ба истифодабарии манфиатнокии сармоягузорӣ, муайян кардани захираҳои дохилихоҷагии афзоиши фоида ва сатҳи фоиданокӣ аз ҳисоби истифодаи сарфакоронаи воситахои пулӣ, назорат аз болои вазъи молиявӣ ва фаъолияти тиҷоратии корхона дар бар мегирад. Объектҳои фаъолияти касбии 2- 25011005 – «Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои мошинсозӣ» тиҷоратӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад
2-25011006 – «Фаъолияти тиҷоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия» – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-250110 06 – «Фаъолияти тиҷоратӣ дар нақлиёт ва коммуникатсия» бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои нақлиётӣ, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрию- техникӣ, системаҳои стандартӣ, усулҳо, воситаҳои озмоишӣ ва санҷиши сифати батартибдарории онҳо, усулҳо ва намудҳои фаъолият, самти тафтишот, интихоб намудани роҳи самаранокӣ барои таъмини сифати хизматрасонро дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-250110 06 ташкили фаъолияти тиҷоратии корхона, ҳамкорӣ бо корхонаҳои дигар, ташкилӣ-идоракунӣ, банақшагирӣ-иқтисодӣ, лоиҳавӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-иқтисодӣ, таҳлилӣ, иқтисоди бурунмарзӣ ва соҳибкорӣ мебошад
2-250110 16 – Фаъолияти тиҷорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ- Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-250110 16 – Фаъолияти тиҷорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои нақлиётӣ, интихоби шаклҳои ташкилии нисбатан самараноки корхонаҳои тиҷоратӣ ва воҳидҳои таркибии он, идоракунии ҷараёнҳои технологӣ, идоракунии ҷараёни хизматрасонӣ ба харидорон, идоракунии кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ, идоракунии гардиши мол, идоракунии даромади корхонаҳои тиҷоратӣ, идоракунии хароҷоти муомилот ва идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар бар мегирад. Намуди фаъолияти касбии 2-250110 16 – Фаъолияти тиҷорати дар саноати масолеҳи сохтмонӣ дар вазорату идораҳое , ки ба корҳои сохтмону васлкунӣ, сармоягузорӣ сару кор доранд, ташкил ва идоракунӣ дар сохтмон, мебошад.
2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва саноати сабук – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва саноати сабук бо тахассуси техник-иқтисодчӣ роҳбарикунандаи раванди иқтисодӣ, истеҳсолот ва рушди иҷтимоии ҳамаи соҳаҳои мушаххаси соҳавӣ бо назардошти шаклҳои ташкили ҳуқуқӣ, техника, технология, ташкили истеҳсолот, истифодаи самараноки он дар вазифаи ишѓолшуда, ки маълумоти миёнаи касбии иқтисодиро талаб мекунад. Хатмкунандагон аз рӯи ихтисоси 2-270131 19 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва саноати сабук ба сифати мутахассис оид ба корҳои ташкилӣ, мутахассиси шуъбаи ташкили истеҳсолот, мутахассиси шуъбаи нақшавӣ-иктисодӣ, мутахассиси шуъбаи лоиҳакашӣ-инвеститсионӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ва дигар корхонаи тиҷорати фаъолият бурда метавонанд.
2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ – Самти фаъолияти касбии мутахассиси 2-270131 13 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ бо тахассуси техник-иқтисодчӣ, ки ченкунӣ, коркард ва пешниҳод намудани ахборот оид ба сарфкунии қувваи барқ дар субъекти муайяни хоҷагидорӣ, ахбороти фаъолияти хоҷагидорӣ бо роҳи қайдкунии нишондиҳандаҳо барои истифодабарии минбаъдаи қувваи барқ, идоракунии ҷараёни хизматрасонӣ ба муштариён, идоракунии идоракунии даромади корхонаҳои энергетикӣ, идоракунии хароҷоти муомилот ва идоракунии фоидаи корхонаҳои энергетикӣ дар бар мегирад.
Дар кафедраи иқтисодиёт ва идора аз руи нақшаи таълим аз 19 фанни таълимӣ , ки дар зер оварда шудаанд ба донишҷӯён омӯзонида мешаванд.
- Банақшагири дар корхона
- Баҳодиҳии иқтисодии лоиҳаҳои инвеститсионӣ
- Идоракунии ҳайати кормандон
- Идоракунии сифат ва сертификатсия
- Иқтисоди корхона
- Иқтисоди соҳа
- Иқтисодиёт ва идора дар сохтмон
- Иқтисодиёт ва менеҷмент
- Иқтисодиёти берунмарзӣ
- Иктисодиёти истеҳсоли мошинсозӣ
- Иқтисодиёти корхона ва нақлиёт
- Иқтисодиёти телекоммуникатсия ва менеҷмент
- Иқтисодиёти энергетика ва менеҷмент
- Маркетинг
- Муққадимаи ихтисос
- Танзими давлатии иқтисодиёт
- Этикаи касбӣ
- Менеҷмент
- Ташкили меъйр ва пардохти музди меҳант
Маълумотнома оид ба ҳамкории кафедраи иқтисодиёт ва идора бо корхонаҳо (муассисаҳо) барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Барои самаранок ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат ҷавобгӯ, кафедраи иқтисодиёт ва идора бо корхонаҳои дар зер оварда шуда шартномаи тарафайн оиди гузаронидани таҷрибаомӯзи баста, баъди пурра ба итмом расонидани барномаи таълимӣ донишҷӯёнро ба ин корхонаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзи сафарбар менамоем.
1.Вазорати нақлиёти ҶТ ва зерсохторҳои он.
2.КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон”
3.ККВД “Автобус 1”
- ҶСП “Спитомен Бонк”
- БДА “Амонатбонк”
6.МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистики”
7.Вазорати саноат ва технологияи нав
8.Шуъбаи маорифи н. Шоҳмансур
9 ККВД “Автобус 2”
10 ККВД “Автобус 3”
Барои самаранок ба роҳ мондани раванди дарс истифода бурдани технологияи иттилоотӣ (проектор ва доскаи электорнӣ) ва аёниятҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идора се синфхонаи фаннӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз ин синфхонаҳо самаранок истифода мебаранд.
Ҳайати омӯзгорони кафедра
Ғуломесуфов Нусайрӣ Мамадэсупович 14.01.1988 дар деҳаи Занудҷи ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло (сурх) хатм намуд ва ҳуҷҷатҳоро ба шӯъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ барои номзадӣ супорида ба Коллеҷи техникӣ ҳамчун ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» ба кор даромад.
Соли 2012 Нусайрӣ Ғуломесуфов мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» таъин намуданд.
+992501079596
Султонов Сотим Султонович 13.02.1993 дар дехаи Вешканд чамоати Урметан нохияи Айни дар оилаи зиеи чашм ба олами ҳасти кушодааст. Соли 2001 кадамҳои нахустини худро дар мактаби № 24 гузошта онро соли 2011 хатм намудам. Соли 2011 ҳуҷҷатҳоямро ба ДТТ ба факултети «Менеҷменти молияви» дар ихтисоси 2-25010711 «Иктисодиет ва идора дар корхона» супорида соли 2015 донишгоҳро хатм намудам.
Аз соли 2020 ба Коллеҷи техникӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иќтисодиёт ва идора» то инҷониб кор карда истодааст.
Давлатов Дустмурод Тавакалович 30.03.1979 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар чашм ба олами ҳасти кушодааст. Соли 1985 кадамҳои нахустини худро дар № 41 гузошта онро соли 1996 хатм намудааст. Соли 1996 ҳуҷҷатҳояшро ба ДДМТ ба факултети «Иқтисодиёт» дар ихтисоси «Муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ» супорида соли 2002 донишгоҳро хатм намудааст.
Аз соли 2016 то ин ҷониб аъзои ҲХДТ мебошад.
Давлатов Дустмурод Тавакалович ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» дар коллеҷи техникӣ ДТТ ба номи академик М.Осимӣ.
Норова Ҷонона Шавкатовна 22.061.997 дар шаҳри Панҷакент вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2003 ба мактаби миёнаи рақами №1 супорида, соли 2014 хатм намуд. Соли 2014 ҳуҷҷатҳояшро ба ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба факулатаи «Технологияи Инноватсионӣ» гурўҳи 26010102 «Менеҷсенти истеҳсолӣ» супорида соли 2017 Донишгоҳи техники Тоҷикистонро хатм намуд.
Аз соли 2019 ба Коллеҷи техникӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» то инҷониб кор карда истодааст.
+992939838098
Каримов Шаҳром Мукаррамович 20.01.1996 дар деҳаи Вешаби ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2002 ба мактаби миёнаи рақами №13 супорида, соли 2013 хатм намуд. Соли 2013 ҳуҷҷатҳояшро ба ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба факулатаи «Соҳибкори муҳандиси ва менеҷмент» гурўҳи 27010102 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» супорида соли 2016 Донишгоҳи техники Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 2018 аъзои ҲХДТ то инҷониб.
Аз соли 2018 ба Коллеҷи техникӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» то инҷониб кор карда истодааст.
+992904040343
Алимардонова Лутфиямо Мирзоалиевна 22.07.1998 дар деҳаи Меҳрвар ҷамоати деҳоти Чубек ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ чашм ба олами ҳасти кушод. Соли 2005 ба мактаби миёнаи раќами № 30 ба синфи 1-ум рафта, соли 2016 бо баҳои хубу аъло хамт кард. Соли 2017 хуҷатҳояшро ба Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба факултаи «Технологӣ» гурӯҳи 2-40010135-«Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисоди ва иттилооти корӣ» супорида соли 2020 Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ хатм намуд. Фаъолияти кориашро худи хамон сол дар Колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» ба ҳайси ҳуҷҷатнигори кафедра то ин ҷониб фаъолият дорад.
+99298788380
Сангова Арафамоҳ Мурчаевна 19.01.1982 дар деҳаи Тосқала калхози ба номи Миралӣ Маҳмадали ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳасти кушод.Соли 1989 ба мактаби миёнаи рақами№15 ба синфи 1-ум рафта, соли 1999 бо баҳои хубу аъло хамт кард. Соли 2006 хуҷатҳояшро ба ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба факултаи «Иқтисодиёт, бизнес ва менеҷмент» гурўҳи 060802-«Иқтисодиёт ва ташкили истеҳолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ» супорида соли 2011 Донишгоҳи Теникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд.
Аз соли 2012 то тнҷониб ба Коллеҷи техникии Донишгои Техникии Тоҷикистон ҳамчун ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» фаъолият дорад.
+992187040
Қосимова Муҳибахон Сайфуллоевна 02.10.1970сол дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳасти чашм ба олами ҳасти кушод. Соли 1977 ба мактаби миёнаи рақами№32 ба синфи 1-ум рафта, соли 1987., мактаби миёнаи рақами№59 бо баҳои аъло ( бо медалӣ тилло) хамт кард. Соли 1987 хуҷатҳояшро ба омӯзишгоҳ педагогии ш. Душанбе ба Н. К. Крупская ва дар соли 1990 курси пурра омӯзишгоҳро маскурро бо ихтисосӣ «Тарбия дар муассисаҳои томактаби тамом кард.
Аз соли 2020 то ин ҷониб ба Коллеҷи техникии Донишгои Техникии Тоҷикистон ҳамчун муаллимаи калон кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» фаъолият дорам.
+992919135087
Хаёлов Саҳбо Абдуллохонович 08.08.1996 дар деҳаи Марғедари ҷамоати Рудакӣ шаҳри Панҷакент вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2003 ба мактаби миёнаи рақами №53 супорида, соли 2014 МТУ № 29-и ноҳияи Шоҳмансурро хатм намуд. Соли 2014 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба факулатаи «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ » гурӯҳи 25015301 «Иқтисодиёти ҷаҳон » супорида соли 2018 Донишгоҳи техники Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 2019 аъзои ҲХДТ то инҷониб.
Аз соли 2019 ба Коллеҷи техникӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идора» то инҷониб кор карда истодааст.
+992552226111