Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил оғоз мегардад. Дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ дар толори бинои асосӣ, ва дигар биноҳои таълимии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сурат гирифт.

Пас аз тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ директори коллеҷи техникӣ д.и.т., и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада иброз намуд, ки фарорасии соли нави таҳсил ва рӯзи дониш, ки ба дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникиро табрик намуда, аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хоса, маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки: «Таҷлили Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад».  

 

Categories: News