Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии танзимгари муносибатҳо дар тамоми арсаҳои ҳаёти иҷтимоӣ 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумхалқӣ қабул гардида, соли 2024 30-юмин солгарди қабули он таҷлил мешавад. Дар ин замина, Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Дар натиҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 28 декабри соли 2023 қабул гардид, ки мақсади асосии ин фармон аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.

Зимни ироаи Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъкид намуданд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Дарвоқеъ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.

Дар ҳамин Паём, Пешвои миллат, бинобар ба анҷом расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» зарур донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул гардад, ки эълони сол таҳти унвони болозикр далели гуфтаҳои болост.

Имрӯз, дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ танзим гардида, таҳким меёбанд. Тавре зикр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад ва ҳама гуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст. Тавре Роҳбари давлат таъкид доштанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст». Агар қабули қонунҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад. Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Чунончи, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 июни соли 2001, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соли 2012 ва ғайра.

Имрӯз, бо мақсади боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудаанд. Ин иқдом барои аз худ намудани донишҳои сиёсиву маърифати ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби наврасону ҷавонон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.

Дар охир, ҳаминро бояд илова намуд, ки барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа муассиса ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки дар миёни мардум корҳои ташвиқотию тарғиботиро бештар ба роҳ монда, бад-ин васила дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзишманд гузоранд, ки ин вазифаи муҳимтарини дилхоҳ ниҳоди амалкунанда дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Азизмамадова Зулфия Сафармамадовна – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Categories: News