Санаи 22.02.2024 дар дар толори китобхонаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар омӯзгорони кафедра, донишҷӯён ва намояндагони шуъбаи илм ва инноватсия иштирок карданд. Сароғоз муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба як неруи қудратманди низомии муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Сипас, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ Рауфзода Комронҷон ва Изатов Юсуф инчунин донишҷӯёни коллеҷи техникӣ доир ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои ҷолибе ироа намуданд.

Categories: News