Санаи 18.09.2023 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади тадбиқи барномаҳои стандарти таҳсилоти касбӣ оид ба низоми дуалии таълим дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои олмонии GIZ ва ICON Institute семинари байналмилалии омӯзишӣ барои омӯзгорони коллеҷи техникӣ, ҷиҳати банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои таълимии таҳияшуда барои низоми дуалии таълим дар самти логистика баргузор гардид.

Семинарро директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ ва иштирокчиёнро шодбош гуфт.

Сипас, тибқи рузномаи баргузории семинар, экспертҳои байналмилалӣ оид ба низоми дуалии таълим дар самти логистика Александр Сибонӣ, Тея Сипрашвилӣ ва иштирокдорони семинари мазкур барои банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои таълимии таҳияшудаи низоми дуалии таълим дар самти логистика баромад намуданд.

 

Categories: News