ПЕШНИҲОДҲО ВА САҲМИ ДУРАХШОНИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАСЪАЛАИ ПЕШГИРИИ МАҲВИ ПИРЯХҲОИ САЙЁРА

Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикроне зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд.

Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо кард, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об ва ҳифзу нигаҳдории он мувоҷеҳи мушкилот нагардида бошад. Имрӯз ин мушкили бар сари Замину инсоният омада моро водор месозад, ки инсонҳову давлатҳои рӯи олам дар якҷоягӣ, бо муросову ҳамрайъии якдигар роҳи ҳаллу пешгирии онро омӯзанду биёбанд.

Миллати мо ифтихор аз он дорад, ки Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсти он ҳанӯз аз соли 2009 дар Копенгаген, дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан, дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико баъдан моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси босуръат об шудани пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳоли ва рушди иқтисод аст ва метавонад оқибатҳои манфиву мудҳиш ба бор орад, ибрози андеша доштанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобали боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан дар манотиқи кӯҳсор шуда метавонад.

Дар саросари ҷаҳон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри соли 1999) соли 2003 – “Соли оби тоза” эълон карда шуд. Ин ташаббус асос гузошт, то дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардад. Дар ин замина дар саросари олам якчанд тадбирҳои судманд амали карда шуданд. Соли 2023 аз ташаббуси якуми ҷониби Тоҷикистон 20сол сипари мегардад, вале масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии сайёра имрӯз ҳам боиси изтироб аст.

Бо ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Дар раванди татбиқи даҳсолаи мазкур ҷониби Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилали гашт.

Мушкилоте, ки дар масъалаи тақсимоти захираҳои об дар байни давлатҳои олам вуҷуд дорад, дар баъзе мавридҳо таҳдид ба сар задани муноқишаҳои байни кишварҳо дорад. Дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 дарёи байнидавлати мавҷуданд, ки беш аз 170 мамлакати мухталифи дунё аз онҳо истифода менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарки масъалаи мазкур 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО ва механизми “СММ-об” оид ба масоили истифодаи оқилона ва самараноки об суханронӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2013 “Соли дипломатияи об” эълон карда шавад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об” эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Ҷолиб ва мояи сарфарозии мост, ки маҳз дар асоси ин иқдом СММ оид ба рафъи мушкилоти об, танҳо давоми 20 соли охир панҷ қатънома қабул намуд, ки нишони эътирофу эҳтироми баланд ва далели мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷиуистон дар арсаи байналмилали мебошад. Ба ин далелҳо метавон илова кард, ки ташаббусҳои Президенти кишвари мо дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид гардида, дар таърихи рушди инсоният саҳифаҳои тоза боз намудаанд.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳони эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рузи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳест ба суи ояндаи дурахшони сайёра.

ӢНатиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчуби СММ Фонди мақсадноки байналмилали оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад.

Бидуни шубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихи буда, тавасути он ҷомеаи ҷаҳони имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомидани тадбирҳои муштараки зарурӣ андешанд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаи об ва иқлим дар миқёси сайёра амали хоҳанд шуд.

Чунон чи мушоҳида мешавад, имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии кишвари мо дар ҳавои ташаббусҳои Пешвои миллатамон ва Қатъномаи қабулгардида як ҳавои ҳамрайъи ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии барномаҳои нав дар омӯзиш в амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандози гардида истодаанд.

Пас аз мутолиаи гузориши Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ банда ба чунин хуллоса омадам, ки АМИТ ҷиддан ва бо камоли масъулият аз мушкилоти пешомада хабар дорад ва таъсиси Маркази пиряхшиносӣ дар кишвар аз авалин иқдомҳои саривақтиву дуруст дар ин ҷода мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар асоси иқдомоти Президенти Тоҷикистон танҳо дар сохтори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Институти масъалаи об, гидроэнергетика ва экология, Муасисаи двлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” таъсис дода шуд, ки таҳқиқоти бунёди ва амали дар самти идораю истифода ва ҳифзи манбаъҳои оби, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, тариқи барномаҳои телевизиони мамлакат огоҳем,ки олимони мо имрӯз ба омузиши ин масъалаи глобали ба таври ҷидди машғуланд ва умед дорем, ки пажуҳишоти онҳо натиҷаҳои мусбат ба бор меорад.

Мутахассисони Маркази омузиши пиряхҳо дар муддати моҳҳои июн-августи соли 2022 ҷиҳати тадқиқу омузиши пиряхи Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кулҳои Қарокул ва Искандаркул корҳои муҳими пажуҳиши анҷом додаанд. Аз ҷумла аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлати оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон экспидитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажуҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат врзиданд.

Ба андешаи ман, одамизод алҳол ба муқобил гармшавии иқлими ҷаҳони ва ногузирии обшавии пиряхҳо пешниҳоди мушаххасу дилпуронае, ки пеши роҳи онро гирад надорад. Агар мо наметавонем пеши роҳи тағироти иқлим, обшавмм пиряхҳоро гирем, пас роҳи ягона ин аст, ки ақалан кушиш намоем обҳои аз пиряхҳо ҷудомешударо, то ҷое ки имкон аст дар ҳавзаҳои худашон нигоҳ дорем ва ягона роҳ дар иҷрои ин мақсад бунёди обанборҳо дар ҳудуди ҳамон ҳавзаҳо мебошад.

Ин кор мушкил аст, аммо кушиши иҷрои он то ҷое обро дар баландтҳо нигоҳ медорад. Масалан дар ҳавзаи болооби дари Зарафшон, дар мавзеъи шабеҳи Чимтарға худи табиат яхҳои обшуда ва обҳои ҷамъшударо дар кулҳое бо номи Кӯли калон, Кули сафед, Кули чуқурак, Кули хунин, Искандаркул, Кули Аловуддин ва ғайра ҷамъ оварда маҳфуз медорад. Аммо солҳои охир гармшавии иқлим ва боришоти ками барф боиси ин мегардад, ки оби ин кулҳо хеле коҳиш ёфтааст.

Шояд мо метавонем бо дастгири ва кӯмакҳои молиявии ҷомеаи байналмилали ин кӯлҳоро, ки худ мавзеъи тайёру мувоқанд, ба обанборҳои аз ин ҳам бузургтар табдил бидиҳем ва қисмати зиёди обҳои аз пиряхҳо ҳосилшударо дар онҳо маҳфуз дорем. Дар ҳар ҷое имконият ҳаст обанборе дар иҳотаи кӯҳҳои сангину қави бунёд кунем, агар миқдоре аз ин обҳо бухор шаванд ҳам миқдори зиёд ҳифз хоҳанд шуд. Ба ин муносибат як барномаи бунёди обанборҳо дар куҳистон, дар ҳавзаи пиряхҳо метавон таъсис дод.

Як роҳи таъсиси обанборҳо бунёди истгоҳҳои барқии обӣ аст ва таҷрибаи “Норак”-у “Роғун”, “Бойғози” -ву Қайроқум ва дигар нерӯгоҳҳои барқии мо инро исбот мекунанд. Бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи ҳам мардумро бо неруи “сабз”- и барқ таъмин мекунад ва ҳам боиси пайдо шудани обанборҳо мегардад.

Албатта, ин обанборҳо дар фаслҳои серобӣ аз ҳисоби обҳои зиёдати бояд бунёд гарданд .

Ба андешаи ман мо бояд як-ду не, балки даҳҳо обанборҳое дар баландкӯҳҳои мамлакат месохтем, ки имрӯз мушкиламро осон мегарданд.

Ва дар поёни мақола боз ҳам таъкид мекунем, ки воқеъан манбаъҳои оби хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеъи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки тадқиқоти муштараки байналмилалӣро тақозо доранд.

Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ якчанд асноди меъёрии ҳуқуқи қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд ва мо онҳоро бори дигар хотиррасон мекунем.

– Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (соли 2020)

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов соли (2019)”

– Стратегияи миллии мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030

– Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025

– Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030

– Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008 – 2020

Дар Тоҷикистон танҳо соли 2020 дар доираи беш аз 28 лоиҳаи сармоягузори корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти хоҷагии об ба маблағи қариб 351 млн.доллари ИМА амали гардидаанд.

Мо умедворем, ки иқдомҳои пай дар пайи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи он кас дар ҳалли ин масъалаи глобали, ки ҷомеаи ҷаҳонӣро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад. Бояд гуфт, ки дар партави иқдомҳои башардӯстонаи Сарвари давлатамон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои оби тоза хушбахтона имсол дао дар Тоҷикистон соли неку пурбарф омад. Умед аст ки то ҷое коҳиши пиряхҳову обанборҳои мо бартараф мешавад. Табиат – модар ҳамеша ғамхору хайрхоҳ аст ва шояд бозгашти иқлим ба вуҷуд ояду боз табиат дар ҷойи худ қарор бигирад.

Шарифов Неъматулло Сафаралиевич – мудири кафедраи химия ва экологияи колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

Categories: News