Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ҳар шахси комил дар ҳаёти худ роҳеву касберо интихоб мекунад ва мекӯшад, ки барои халқу миллат ва ватани худ хизмате намояд. Инсоне, ки таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавононро пешаи кори рӯзмараи худ қарор додааст, зиндагии пурмашаққат, вале пуршараферо паси сар мекунад ва ин танҳо хоси омӯзгорони азизу меҳрубон аст.
Оре, пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, инчунин масъулияти пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба буд. Маҳз бо ҳидояти омӯзгорону устодон ҳамаи мо соҳиби донишу маърифат, фаросати маънавӣ ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро шинохтаем. Аз ин хотир, ҳамеша ба муаллим эҳтироми зиёд дорем, бо муҳаббату самимият номи устодони имрӯзаву собиқаро гиромӣ медорем ва аз таҷрибаи бузурги онҳо дар зиндагии худ самаранок истифода мекунем.
Бар ҳақ омӯзгори дарёдилу дардошно, фидоии илму маърифат, хоксор, қаноатпеша, фурӯтан, таҳаммулпазир ҷомеаро ба низом медарорад, то аҳли ҷомеа бомаърифат, нексиришт ва инсондӯст бошанд. Омӯзгори матинирода дар бораи ҷоҳу ҷалол, шукӯҳу шаҳомати худ фикр намекунад ва он ҳамеша дороӣ андешае мебошад, ки насли ояндасозеро тарбиятгар бошам, то ин ки фардо барои миллат саҳме гузошта бошад. Ҷоҳу ҷалолаш, тахту бахташ, дороияш илму маърифаташ ин шогирдони хуб тарбиятёфтаи донову зирак, ҳушманду соҳибмаърифат ва боодобаш мебошанд. Муаллимро зарур аст, ки дорои хислатҳои ҳамида бошад, то шогирд аз ӯ дарси ибрат гирад. Дар баробари ин муаллим бояд меҳрубону ғамхор ва созандаву бунёдкор бошад, то он ҳама сохтаҳояш пойдору устувор боқӣ монанд. Донишманд ва нависандаи эронӣ Муҳаммад соҳаи омӯзгориро хуб васф кардааст, ки он касб не, балки ишқ аст: “Агар онро ҳамчун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборакат бошад”. Дар воқеъ ин ишқ ҷавҳари маърифат аст, ки омӯзгор бо нури маърифаташ дили ҳар як шогирдонро равшан менамояд. Онҳоро чун шахсияти комили некбину некандеш ба воя мерасонад. Яъне омӯзгор шогирди худро мисли оне, ки фарзанди худро таълиму тарбия медиҳад бояд, фарзандони мардумро низ дар радифи фарзанди худ дӯст дорад ва тарбияти хубу дуруст диҳад ва дар баробари ин шогирд бояд, омӯзгорро мисли падару модари худ ҳурмату эҳтиром намояд. Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: “Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар”. Ва дар ҷои дигар низ дар радифи ин суханҳои мутафаккири барҷаста, шоире дар риштаи назм бузургии устодро чунин васф менамояд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Рисолати бузургтарини омӯзгор дар он аст, ки инсонро тарбия мекунад, ба камол мерасонад, соҳиби илму маърифат мегардонад. Омӯзгор аз самими қалб ба шогирдонаш дарси одаму одамгариро меомӯзонад ва дар радифи ин ӯ ба шогирдонаш яке аз беҳтарин неъматҳои дунёро, ки сабабгори хушбахтиву сарбаландӣ ва саодатмандиву сарсабзиаш мегардад, илму адабро ҳадя менамояд. Омӯзгор бояд бо амалҳои накӯяш, бо дониши баландаш шогирдон ва аҳли ҷомеаро бовар кунонда тавонад, ки ободии Ватан ва зиндагии шоистаи халқ аз бомаърифатӣ ба шумор меравад. Муаллим ба суханони ҷозибадораш бояд ба шогирдони худ ҳушдор намояд, ки кибру ғурур, танпарастӣ, худкомӣ, ноҳаққӣ, нафси амора оқибат одамро шармсор ва беобрӯ мегардонад.
Ғарра машав, ки бартарам аз дигарон ба илм,
Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурӯтарӣ.
Муаллим аст, ки рисолати омӯзгор сохтану дунёи маърифат обод кардан то имрӯз побарҷост. Омӯзгор шахсест, ки ба тамоми рукнҳову равандҳои педагогӣ-тарбия, таълим ва маърифат ҷомаи амал мепӯшонад. Аз ин ҷост, ки масъалаи омӯзгори имрӯза ва самтҳои тайёр кардани омӯзгорон дар оянда ҳамеша мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дорад. Ислоҳоти низоми таълиму тарбияро дар мактабҳои ҷумҳуриамон бе тағйири куллии тафаккури омӯзгор ва тарзи тайёр намудани муаллимон дар оянда тасаввур кардан аз имкон берун аст. Устод Садриддин Айнӣ хуб гуфтаанд: “Бояд муаллимон зиндагии оилавӣ ва кӯчагии талабаро ҳамеша таъқиб кунанд ва ба мисол корҳои бад ва нағзе, ки он талаба дар шабонарӯзӣ ё дар як ҳафта аз сар гузаронидааст, ӯро тарбия намоянд”. Танҳо омӯзгоре бо наврасону ҷавонон ҳамкорӣ намуда, онҳоро тарбия карда метавонад, ки худ ахлоқи воло дошта, инсони комил, донандаи забон, таърих ва анъанаҳои неки гузаштаву имрӯзаи мардум бошад.
Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Дар воқеъ ҳақ бар ҷониби шоири бузургвор, ки чунин сатрҳои пурмазмуну пурҳикматро дар васфи ин нобиғае, ки омӯзгор номаш ниҳодаанд гуфтааст. Маҳз ҳамин омӯзгор аст, ки мо дар ҷодаи илму дониш камол меёбем. Касе, ки аз доираи мактаби омӯзгор дар ҳаёти худ нагузашт ва ё сабақеро аз ин шахсияти бузург нагирифт маълум мешавад, ки шахсест ба камол нарасида ва ё рушд накарда аст. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим башад, пас барои сабз гаштани орзуҳои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки ҳақ бар ҷониби эшон аст, мегӯяд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ муллое нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Вале хушбахтии мо мардуми тоҷик дар он аст, ки мо табиатан ба омӯзгор арҷ мегузорем, ӯро самимона эҳтиром мекунем ва ба ӯ бо камоли эҳтиром сари таъзим фуруд меорем. Чунки мо хуб дарк намудаем, ки омӯзгор равшангари дилҳо, машъали раҳнамо ва парчамафрӯзи илму маърифат эътироф шудааст. Аз ин ҷост, ки дар диёри арҷманди мо рӯзеро ҷашн мегиранд, ки ҳамчун рӯзи муаллимон эътироф шудааст.
Аслан мардуми шарафманди тоҷик аз қадим нисбат ба омӯзгор таваҷҷуҳи махсусе зоҳир менамуданд ва ин рисолати бузурги худро то имрӯз ҳамчун як нишонаи муқаддастарин чун гавҳараки чашм нигоҳ доштаанд. Ин ҳам бошад аз самимияту боварӣ ва эътиқоди мардуми фарҳангсолори миллати тоҷик дарак медиҳад. Онҳо хуб дарк карданд, ки бе устод кореро ба сомон расондан нашояд ва маҳз ҳамин буд, ки доимо аз устод маслиҳатҳо мегирифтанд то корашон пурсамар гардад. Дар ин масъала яке аз шоирони бузурги миллати тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ хуб мегӯяд, ки басо шуниданист:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Аз ин гуфтаҳо ба хуби бармеояд, ки дар воқеъ маҳз омӯзгор аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони маънавии мо аҳли башар равшан аст ва бе раҳнамоиву тавсеаи омӯзгори бохирад мо ба ҷое расида наметавонем, бе тавсеаи омӯзгор кори мо хому нопурра ва заифу лоғар аст. Пас беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар ки бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Ва дар ҷои дигар низ хуб зикр намудаанд, ки:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳар чанд Сикандари замонӣ.
Имрӯзҳо замони муосир, ки онро инкишофи босуръат дар ҳама соҳаҳо хос аст, аз мо тақозо дорад, ки шогирдони сазовори асри технологӣ, мусаллаҳ бо донишҳои технологӣ ва мувофиқ бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот омода бошем ва аз донишҳои замонавӣ низ бархурдор гардем. Яъне ҳар қадар, ки шогирд донишҳои замонавиро аз бар кунад ин ҳам ба фоидаи муаллим ва ҳам бар фоидаи давлату миллат ва худи ҳамон шахс ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати аз худ накардани супоришҳо баъдан кинаву адоват нисбати якдигар сар мезанад, ки кори начандон хуб аст. Ривояте ҳаст, ки Абӯалӣ Ибни Сино ба яке аз шогирдонаш, ки рӯзе сабақи додаашро аз бар накарда буд, танҳо ин суханро бо оби дида гуфт: “Дареғо, ки якшаба умри ҷавонии худро барбод додаӣ”. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки омӯзгор доимо дар фикри таълиму тарбияи шогирд мекушад ва заҳмат мекашад, то шогирдаш дар оянда касе шавад, ки давлату миллат аз ӯифтихор кунад.
Пӯшида нест, ки рӯзгори омӯзгорон як силсила мушкилотҳо доранд, вале бо ин мушкилоти рӯзгор нигоҳ нокарда омӯзгорони вафодору садоқатпешаамон ба рағми ин ҳама мушкилот устуворона, пайгирона ва бо меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба пешаи худ ва ба насли наврас баҳри таъмини фардои боз ҳам шукуфонтару ободи кишвар фаъолият менамоянд, ки боиси аҳсану ситоиш аст.
Як нуқтаи дигарро қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар шахсе, ки номи пуршарафи омӯзгорро дорад, бояд дониши хуб дошта бошад. Дониши касбии омӯзгор муҳимтарин самти фаъолияти ӯ ба шумор меравад. Аз тарафи муаллим ҳаматарафа донистани асосҳои назарию амалии ҳамон фанне, ки дарс медиҳад, инчунин дар баробари ин огоҳ будани омӯзгор аз илмҳои дигар, махсусан фанҳое, ки бо якдигар аз нигоҳи мазмун ҳамгиро ва ё алоқаманданд зарур аст. Сарвату бойигарии омӯзгор дониши ӯст ва ин илму донишро бояд ӯ аз касе дареғ надорад. Аз ҷониби дигар маҳорати педагогиро, ки баъзан санъати педагогӣ ва ё як ҷо маҳорати санъати педагогӣ низ мегӯянд, на ҳар омӯзгор соҳиб аст. Ба воситаи ҳаракатҳои баҷо, истифодаи забони ширини гуворо, мимика, табассум, имою ишора, талаффузи равон, садои гиро барои ҷалб намудани хонандагон ба дарс, бедор намудани шавқу ҳавас, фаъолияти эҷодию маърифатҷӯии ҳар як хонанда ё донишҷӯ кори саҳлу осон нест. Муаллим ҳақ надорад, ки рӯяки ҳарф занад ва фикру ақидаи шогирдро аз доираи дарс берун барад. Ӯ бояд ширинбаён ва ширинзабон бошад.
Хулоса, мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро “муқаддастарин касби рӯи олам” шуморида ва дар рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишвар нақши омӯзгоронро муҳим арзёбӣ менамоянд, ки дар воқеъ дуруст аст.
РАҲМАТОВ ҲАСАН – ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ