Санаи 02.02.2024 тибқи нақшаи кории бахши таҷрибаомӯзии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки кормандони ҶСП “АКТИВБОНК”: муовини раиси бонки мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ Ёқубзода Мирҳаёт Миробид, сардори идораи кадрҳо – Сарварӣ Фурӯғ, корманди идораи кортҳои пардохтӣ – Баротов Ҷаҳонгир вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар раванди вохӯри шартномаи дуҷониба миёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва ҶСП “АКТИВБОНК” ҷиҳати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷ дар ҶСП “АКТИВБОНК” барои амалигардонии низоми дуалии таълим ба имзо расид.

Инчунин дар раванди вохӯри ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои иқтисодии коллеҷи техникӣ, намояндагони ҶСП “АКТИВБОНК” изҳори омодагӣ намуданд.

Вохури бо Активбонк

Categories: News