Эълон намудани солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди ракамӣ ва иноватсия ба мардум як дастоварди хело муҳим ба ҳисоб меравад.
“Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияи нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муоссири ватанӣ бояд ҷавононро ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиаҳои иноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”
Эмомалӣ Раҳмон
Ин соҳаи мазкур заминаи асоси давлат барои пешрафти давлатдорӣ мебошад. Пас дар раванди сиёсати давлатӣ махсусан, соҳаи маориф такони ҷиддӣ медиҳад, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалятноки сиёсати далатӣ эътироф гардидааст.
Иқтисоди рақамӣ ҳамчун як натиҷаи таъсирбахши такондиҳандаи технологияи нави умумӣ дар соҳаи комуникатсия ва иттилоот, ки ба тамоми самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоӣ таъсирбахш тмебошад.
Бештар таваҷҷуҳи мардум ба иқтисодиёти рақамӣ аз он иборат аст, ки технологияи исттилоотӣ дар рушди иқтисодиёти тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳмияти рӯзафзун пайдо карда истодааст. Имрӯзҳо бошад иқтисодиёти рақамӣ яке аз фаъолияти амалкунандаи иқтисодӣ ҳисобида мешавад, ки дар он маълумотҳои бештари рақамӣ, коркарди иттилоотҳои ҳаҷмашон калон ва истифодаи натиҷаҳо аз тарафи шаклҳои гуногуни истеҳсолот дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ бо аҳмияти афзудани иттилоот ва воситаҳои рақамӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва молявӣ тавсиф карда мешавад. Имрӯзҳо мо бо бовари гуфта метавонем, ки рақамикунони алакай дар тамоми тоҳаи афзалятноки кишварҳои пешрафта паҳн гашта, мардум аз ин шакли иқтисодиёт истифода намуда истоданд. Ҳоло ширкатҳое, ки аз ин самти икқтисодиёти рақамӣ истифода мебаранд, яке аз пешрафтатарин корхонаҳо мебошанд.
Соҳаи иқтисодиёти рақамӣ яке аз соҳае мебошад, ки дар асоси ҷори намудани технологияи иттилоотӣ-рақамӣ дар ҷараёни истеҳсолӣ, идоракунии самтҳо ва дигар ташкилотҳо ташкил шуда, ҷиҳати таъмини манфиятҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ин чунин ба рақобатпазирии бозори меҳнат амал мекунад.
Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун соҳаи таъсирбахш дар тамоми самтҳо ба ҳисоб меравад, ки технологияҳои муосир ба ҳама самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз шаклҳои нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои истеҳсолоти нав мебошад. Тавваҷуҳ намудан ба иқтисодиёти рақамӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки технологияи иттилоотӣ дар рушд намудани тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳмияти рузафзун пайдо намуадааст. Фаъолияти иқтисоди рақамӣ яке аз фаъолиятҳои иқтисоде ба ҳисоб меравад, ки дар он маълумотҳои рақамӣ коркард карда мешавад.
Асри XXI ҳамчун асри илму техника дониста мешавад, ки инкишофи технологияи иттилоотӣ-комуникатсионӣ дар ҳаёти воқеи инсоният дар ҷаҳон шинохта шудааст. Пас дар робита ба ин технологияи иттилоотии рақамӣ ба ҳаёти инсон ворид гаштааст. Натиҷаи ин пешравиҳо дар низоми бо суръати баланд рушд намудани бозори хизматрасониҳои электронӣ, ки яке аз ҷузъҳои марказии иқтисодиёт мебошад, мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти татбиқи ҳукумати электрони рушди иқтисодиёти рақамӣ яке аз масалаҳои муҳими замони муосир мебошад. Аз ин рӯ дар воситаҳои таълимӣ татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ – комуникатсионӣ ва дар ин замина омӯзиши бозори хизматрасониҳои электронӣ чун замина дар рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим арзёбӣ шудааст. Воситаҳои таълимӣ бошанд натанҳо системаи мафҳумҳои асосиро оид ба иқтисоди рақамӣ дар бар мегирад, балки тавассути қисми амалӣ бо рушди тафаккури муосири иқтисодӣ ё ин ки иқтисодиёт нигаронида шудааст.
То рафт рушд намудани тафаккури муосири иқтисодӣ дар байни таълимгирандагони муассисаҳои оллӣ дар бораи оқибатҳои ҷори намудани технологияҳои иттилоотӣ -комуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеъа яке аз нуқтаҳои муҳиму муосири иқтисоди ракамӣ, дар мамлакат дониста мешавад.
Воситаҳои таълимию методии “Иқтисоди рақамӣ” бошанд барои омӯзиши рушди иқтисодиёти рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ пешбини шудаанд.
Ҳамин тариқ бо дар назардошти масъалаҳои муҳими “Иқтисоди рақамӣ” ширкатҳоро зарур аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат пайдо намуда, фаъолияти технологияи иноватсионӣ ва технологияи рақамиро ба роҳ монда, рушди ҳукумати электрониро дар тамоми самтҳои афзалиятноки мамлакат ташаккур диҳанд.
Раҳмоналӣ Одинаев – мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ