РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17-уми декабри соли 2020 тибқи нақша-чорабиниҳои маъмурият, бо ташаббуси кафедроаи электроэнергетика дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба “Рӯзи энергетикҳо”, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, таҳти унвони “Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур намояндагони академияи миллии илҳои Тоҷикистон ва намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номиакадемик М.С.Осимӣ иштирок доштанд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар меҳмонон, омӯзгорон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо табрик намуда, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро бахшида ба “Рӯзи энергетикҳо” дар мавзӯи “Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кушода эълон намуда, кори конференсияро оѓоз намуд.

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои асосӣ барои тараққиёти дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: “Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба рушди саноат, кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна таъсири бузург мерасонад. Яъне, вай асоси стратегии эҳёи тамоми сохтори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро дар сатҳи сифатан нави технологӣ ташкил медиҳад”.

Дар конференсияи мазкур академики АИ ҶТ Ғаниев И.Н. иштрок намуда, дар мавзӯи “Рушди илму техника дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда қайд кард, ки дар солҳои истиқлолият илму техника дар ҷумҳурӣ рушд карда истодааст ва саҳми олимони тоҷик дар риштаҳои гуногуни илмӣ хело назаррас мебошад. Инчунин устод таъкид карданд, ки тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ вазифаи ҳар як омӯзгор мебошад. Аз ин лиҳоз умед аст, ки омӯзгорони коллеҷи техникӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми хешро мегузоранд.

Сипас номзади илмҳои техникӣ, дотсенти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Сафаров Қ.А. дар мавзӯи “Хусусиятҳои инкишофи истеҳсолоти саноатӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуд, ки соҳаи энергетикаи кишвар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сохта ба истифода додани иншоотҳои энергетикӣ вобастагии калон дошт. Чӣ тавре, ки коршиносон муайян намудаанд, захираи умумии солонаи потенсиалии энергияи барқии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 527 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад, ки айни ҳол 4-5%-и он мавриди истифода қарор дорад. Қайд намудан зарур аст, ки баъди ба итмом расонидани дигар иншоотҳои ба лоиҳагирифташудаи энергетикӣ аз ҷумла НБО-и Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, яке аз кишварҳои содиркунандаи энергияи электрикӣ гардад.

Инчунин омӯзгори кафедраи электроэнергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Шарафов Н.Ҳ. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди НБО-и Роғун” баромад намуда қайд кард, ки нақши Пешвои миллат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ калон буда, аз ҷумла сохтмони НБО-и Роғун бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат оғоз гардида, то имрӯз ду агрегати он ба кор дароварда шудааст. Бояд зикр намуд, ки баъди ба анҷом расидани сохтмони ин неругоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавлидкунандаи энергияии сабзи аз ҷиҳати экалогӣ тоза гардида дар ҷаҳон мақоми махсусро ишғол намояд.

Пас аз баромади маърӯзачиён тибқи баргузории конференсия навбат ба саволу ҷавобҳо дода шуд. Аз толор омӯзгорон ва донишҷӯён ному насаби маърӯзачиёнро гирифта, ба онҳо вобаста ба мавзуъи баромадшуда савол пешниҳод намуданд. Маърӯзачиён ба ҳар як саволи пешниҳодкардагон посухҳои мушаххас доданд.

Дар фарҷом муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. ба қисми саволу ҷавоб хотима бахшида, ба меҳмонон ва аҳли толор барои иштироки фаъолона дар ҷараёни конференсия сипосгузорӣ намуда, конференсияро хотима бахшид.

Бахши матбут

Categories: News

Categories: