Санаи 22.12.2021 бо ташаббуси кафедраи электроэнергетикаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба рӯзи энергетикҳо баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур меҳмонон аз Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров АМИТ: Юлдошев Зарифҷон – д.и.т., профессор, сарходими калони илмӣ, Ботуров Қодирҷон -н.и.ф.-м., дотсент – директори Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар ҶТ иштирок намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. – конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро кушода, меҳмононро муаррифӣ намуд ва қайд кард, ки рӯзи 22-юми декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 сол пур мешавад. Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.

Санаи 22-юми декабр дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун “Рӯзи энергетикҳо” ҷашн гирифта мешуд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз соли 1920 нақшаи давлатии электрификатсияи Русия (нақшаи ГОЭЛРО) қабул карда шуд. Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1966 тасдиқ шудааст.

Асоси энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро НБО ташкил медиҳад. Беш аз 90%-и неруи электрикӣ дар НБО тавлид карда мешавад. Нахустин НБО-и кишвари мо неругоҳи Варзоби боло ба шумор меравад, ки сохтмонаш соли 1931 дар соҳили чапи дарёи Варзоб оғоз ёфта, шаш сол давом кард. Агрегати якуми он моҳи декабри соли 1936 ба кор даромад, ки иқтидораш 3720 кВт буд. Ин сана ҳамчун «Рӯзи энергетикҳо» ҳар сол қайд мешавад. Баъд аз ин пайи ҳам силсилаи неругоҳҳои барқии Варзоб-2 (7200 кВт) ва Варзоб-3 (1760 кВт) бунёд ёфтанд. Ин пешравии энергетика дар он солҳо имкон дод, ки ҳам саноат тараққӣ ёбад ва ҳам ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Сарходими калони илмии  Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров АМИТ – д.и.т., профессор  Юлдошев Зарифҷон баромад намуда қайд намуд, ки нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика буда,  барои пешрафти он ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур мебошанд.  Истифодаи неруи барқ дар ҷаҳон тадриҷан  меафзояд. Тавре мутахассисон ҳисоб намудаанд, тайи солҳои охир танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар сол 150 миллиард киловатт соат қувваи барқ истифода мешавад.   Талабот ба неруи барқ, махсусан дар ҷумҳуриҳои Чин, Покистон ва Эрон низ ҳамасола меафзояд. Давлатҳои ҳамсояи мо, аз қабили Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия  тайёранд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барқ харидорӣ намоянд. Бо назардошти он, ки дар мо манбаи истеҳсолӣ неруи барқ об аст ва он захираҳои адонашаванда ба шумор меравад, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои заҳираҳои бузурги нерӯи барқи обӣ метавонад дар ҳалли ин масъалаи глобалии сайёра саҳм бигирад. Аз дигар тараф истифодаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон барои маҳдудсозии хориҷи газҳои парникӣ ба  муҳити зист мусоидат намояд. Афзалияти тараққӣ додани гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали даврони шуравӣ лоиҳагирӣ шуда, иҷрои он оғоз ёфта буд. Сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обии Варзобу Вахш,  «Норак», «Қайраққум», «Роғун» ва неругоҳҳои барқи обӣ дар Бадахшон аз қабили ин лоиҳаҳо мебошанд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол барои пешбурди иқтисодиёти худ чорабиниҳо ва қонунҳои мушаххас қабул менамояд, ки он ба манфи- ати рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

Сипас, директори Маркази омӯзиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар ҶТ дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров АМИТ н.и.ф.-м., дотсент Ботуров Қодирҷон дар мавзӯӣ  “Васеъ истифода бурдани манбаҳои барқароршавандаи энергия дар ҶТ”  маърӯза намуда, қайд намуд, ки   энергетика яке аз муҳимтарин сохахои хочагии халк буда, ба истехсолу истифодаи навъхои гуногуни энергия ва захирахои энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, энергияи об, торф, варакасанги сӯзанда, энергияи атом, кувваи бод, мадду чазр ва ғ.) дохил мешавад.

Бисёре аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мумкин аст, дар шароити имрӯза дар Тоҷикистон истеҳсол карда шаванд. Энергияҳои барқароршаванда энергияҳое мебошанд, ки аз табиат пайдо мешаванд ва аз ин рӯ, онҳо аз ҷиҳати техникӣ бепоёнанд, зеро онҳо доимо барқарор мешаванд. Дар ин гурӯҳи энергияи ҳамаҷониба бо муҳити атроф мо метавонем шамол, геотермалӣ, гидроэлектрикӣ, гидроэлектрикӣ, мавҷи об, офтобии фотоэлектрикӣ, офтобии ҳароратӣ, биомасса ва энергияи мавҷ. Ҳамаи онҳо алтернатива ба манбаъҳои анъанавии энергия мебошанд. Афзалият аз инҳо онҳо газҳои камтар ифлоскунанда тавлид мекунанд, ки бевосита ба қабати озон таъсир мерасонанд, чизе, ки таъсири гармхонаҳоро кам мекунад.

Неруи асоси энергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори неругоҳҳои барқии обӣ – 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ – 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар – аз неругоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 4,4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ садҳо подстансияи барқӣ ва нуқтаҳо трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор танҳо 6 фоизи захираҳо мавриди истифода мебошад.

Сипас, муаллими калони кафедраи физика ва телекоммуникатсия Пирова Хайриниссо дар мавзӯи “Истифодаи неруи об дар соҳаи электроэнергетика” баромад намуда, қайд намуд, ки дар Стратегияи рушди иқтисодиёти милии Тоҷикистон соҳаи энергетика  яке аз соҳаҳои афзалиятнок  ба шумор меравад. Манбаҳои анъанавии энергия аз қабили нафту газ бинобар маҳдуд будани захираҳо ва баландшавии нарх дар ҷаҳон минбаъд пурра  дастнорас мегарданд. Бинобар ин гидроэнергетика метавонад дар мамлакати мо ҷиҳати имкониятҳои табиӣ ва захираҳои обии кифояткунанда ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ гардад.

Баъди анҷоми конференсия суҳбати озод баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои амиқу дақиқ дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Categories: News