Санаи 08.09.2021 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” баргузор гардид.

Конференсияро муовини директор оид ба тарбия Қиматби Э. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро табрику муборакбод намуда, меҳмонони ташрифовардаро ба аҳли толор муаррифӣ  намуд.

Дар баромади хеш Қиматби Э. қайд намуд, ки истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30- сол муқаддам ба воқеият пайваст. Баробари ба даст овардани Истиқлолият нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадият ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз даст дод.

Имрӯз маъмурияти коллеҷи техникӣ дар баробари иштирок дар чорабиниҳои сатҳи шаҳру ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки баҳри таҷлили ин неъмати бебаҳо- Истиқлолияти давлатӣ чорабинии илми-фарҳангиро таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор намояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо, меҳмонони олиқадр ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин ҷашни фархунда муборакбод мегӯям.

Дар конференсия муовини директор оид ба таълим Асроров З.М. баромад намуда, қайд намуд, ки Истиқлолият рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустахқил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангӣ буда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор, ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Пас барои пойдории Истиқлолият ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар бояд бо азму талошҳои софдилона ва фидокорона дар роҳи ободкорию созандагии Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Дар рафти конференсия сардори раёсати Суди Олии иқтисодии ҶТ Асрорзода Зуҳриддин ба сухан баромада, аҳли толорро табрик намуда, қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо, барои миллати мо мисли нӯшдоруест, ки захмҳоро даво мебахшад. Баъди ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистони азизи мо дар айни авҷи гул-гулшукуфтанҳост. Ба қадри ин неъмати  бебаҳо бояд расид.

Мудири шӯъбаи таблиѓоти ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад давраҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳамияту ҷойгоҳи онро ба ҳозирин мисолҳо оварда қайд намуд, ки истиқлолият рамзи олии ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустаҳқил, кору пайкори созандаги, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳанги буда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо ва табрикотҳои сардорони мақомотҳои дахлдор бахши фарҳангии чорабинӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи донишҷӯёни факултети муҳандисию иқтисодӣ баҳри меҳмонон пешкаш карда шуд.

Сипас, бо намоиш додани навори видеоӣ, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлол мардуми тоҷик бо роҳбарии сарвари маҳбуб ба комёбиҳои бузург ноил шуда, аз ҷумла, барои ободии сарзамин ва табдил додани он ба гулгашт заҳмати зиёд кашидаанд ва  дастовардҳои миллати тоҷик   баҳри меҳмонон пешниҳод  карда шуд.

Суруди умумӣ дар ситоиши ватан бо иштироки донишҷӯёни факултети муҳандисию иқтисодӣ ва  қироати шеърҳо дар васфи Истиқлол, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, хотири ҳозиринро шод намуд.

Ҷавонони фаъолу донишҷӯёни Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангию ватандӯстӣ чорабиниро фараҳафзо намуданд. Дар интиҳо як гурӯҳ кормандон ва омӯзгорон  аз ҷониби Кумитаи Иттифоқи Касаба бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо  ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Дар охир чорабинӣ бо пешниҳоди Композитсияи адабӣ ба номи “Тоҷикистон зинда бод” хотима пазируфт.

                                                                                

 

 

Categories: News