Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз! Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Дониш, оғози соли нави таҳсил сидқан муборакбод гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро бароятон таманно менамоям.
Мо ифтихор аз он дорем, ки коллективи меҳнатии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат пайваста ҷаҳду талоши созанда менамояд.
Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Зимни яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Ба устодони муҳтарам дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ояндасози миллат муваффақиятҳо ва барору комёбиҳо хоҳонам.
Ба донишҷӯёни азиз одобу хулқи наку ва фатҳи қуллаҳои нави донишро орзумандам.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозиро хоҳонам.
Соли нави таҳсил муборак устодон ва донишҷӯёни гиромиқадр!