Санаи 18 уми марти соли 2021 дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Чорабинии наврӯзиро Директори муассиса Холматов Рустам Буранович оғоз намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаро бо ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо ин ҷашни фархунда ва бо шукӯҳ табрику таҳният гуфта, ба онҳо тани сиҳатӣ, умри дароз, хонаи обод ва дар тарбияи насли наврас беҳтарин комёбиҳои назаррасро таманно намуданд.

Холматов Рустам Буранович дар баромади худ қайд намуданд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст. Аввалин касе ки ҷашни Наврӯзро ҷашн гирифт як подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми марти ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ба иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Пайваста аз ин Роҷеъ ба ин ҷашн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки тахърихи беш аз шаш ҳазор солро дарбар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.

Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънидод мешавад. Дар авали соли нави хуршеди ба истиқболи соли нав баҳори нозанин, зиндашавии табиат оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдори айёми баробаршавии шабу-рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад. Ва аз ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Роҷеъ ба таърихе пайдоишу баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманде навистаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и  ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор–у-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хонданд.

Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва оину мароисимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон  борҳо ба тайғироту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шудааст  ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои  душвору пур аз ҷангу офатҳо аз гузаронидани ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.

Мардум як-ду ҳафта қабл аз фарорасии Наврӯз ба ҷашн омодаги дида, занҳову духтарон кӯрпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хона, дег, зарфҳоро тоза мекунанд,  зеро хонаву дари тоза рамзи покизагӣ, оромӣ ва иқболи нав аст. Дар  айёми ҷашни Наврӯз халқи тоҷик навъҳои мухталифи хӯроквориро  ва таому нӯшокиҳоро тайёр  намуда рӯи суфраи идона мегузоранд. Суманак навъӣ аз хуриши наврӯзи буда аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва тандурустӣ зебогиву осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Наврӯз ҳамчун як омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайвандгари халқу қавмҳои муқими тоҷикистон ва форсизабонони ҷаҳон ба шумор меравад.

«Юнеско» пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта аз соли 2010 сар карда Наврӯз иди умумиҷаҳонӣ эълон гардид.

Чихеле, ки сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намудаанд «Наврӯз яке аз ҷашнҳо ва сунатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори  ориёи об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад. Истиқлолияти давлатӣ, ин саодати  ҷовидона, ки дар масири ҳазосолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷик насиб гардид, ба таҷлили пуршукӯҳу шаҳомати хоси иди муқаддаси ниёгонамон–Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи ормонҳои навин шароити мусоид фароҳам овард. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз ин истиқлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем».

Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида истодаанд, ки ҳама чорабиниҳои доиршудаистода маҳз ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошанд.

Дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ҳамасола ҷашни Наврӯзро бо тантана пешвоз гирифта дастархони ҳафт сину ҳафт шин ва наврӯзӣ меороянд. Бахшида ба Наврӯзи имсола қайд намудан зарур аст, ки дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз аз санаи 15.03.2021 то санаи 17.03.2021 гузаронида шуд.

Дар толори варзишии бинои ассосӣ, мусобиқаҳои волейбол, шоҳмот, инчунин дар хобгоҳ донишҷӯён мусобиқаи дастхобонӣ, вазнбардорӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуд. Ин чорабиниҳои варзишӣ бо як омодагии ҷиддӣ гузаронида шудааст. Дар ин ҷорабинӣ аъзоёни ҳакамон барои баҳогузорӣ аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, коллеҷи куҳӣ ба номи Сороҷон Юсуповаи шаҳри Душанбе ва аз литсеи касбӣ-дузандагии шаҳри Душанбе даъват гардиданд. Пас аз баромади роҳбари муассиса меҳмонон ва ҳайати комиссия барои баҳогузорӣ намудани чорабиниҳое, ки дар байни факултетҳо вобаста ба ҷашни Наврӯз омода намуда буданд, барои муайян намудани ғолибони чорабинии мазкур таҳлил ва баҳогузорӣ намуданд.

Бахши матбуот

Categories: News

0 Comments

Leave a Reply

Avatar placeholder

Your email address will not be published. Required fields are marked *