Санаи 7-уми майи соли 2022 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии идона ба муносибати 77-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба”  бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз тарафи раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ факултети энергетика ва техникаи тиббӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ фаромуш намешавад” дар сатҳи коллеҷ баргузор намуданд.

Муовини директор оид ба тарбия Қиматби Элназар ба сухан баромада сараввал омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта қайд намуданд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Сипас Қиматби Э. меҳмононро баҳри омӯзгорон ва донишҷӯён муаррифӣ намуда, сухани навбатӣ ба профессор Муҳаммад Эҳсон дода шуд.

Профессор Муҳаммад Эҳсон дар баромадашон оиди таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда қайд намуданд, ки аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 77 – умин солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама – пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Дар баробари мардон занон низ дар мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Бо ҳамин таманниётҳои нек ба фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.

Зиндаам бо номи некат, эй Ватан,

Хуни ишқи туст дар шарёни ман.

Зарраҳои хоки ту чун гавҳаранд,

Рушди ту бошад мадори ҷону тан.

Бигзор, ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Ин ҷашни зафар боиси фахри Ватани мост!

Хушрузи фараҳбахш ба ҳар марду зани мост.

Рӯзи Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корнамоии ибратомӯзи падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта сабт шудааст.

Замин дорӣ, замон дорӣ ту имрӯз,

Ҷаҳоне дар ҷаҳон дорӣ ту имрӯз.

Чу модар ту бузургу пойдорӣ,

Ки аввал дориву охир надорӣ.

Ҳозирони гиромӣ меҳмонони олиқадр, собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шуморо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо Иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва сулҳу осоиши ҳамешагиро таманно менамоем.

Бигзор, наслҳои имрӯзу оянда дигар ҳаргиз рӯи наҳси ҷангро набинанд. Боқӣ тансиҳативу хушҳолии Шумо таманнои ҳамешагии мост!

 

Бахши матбуот

Categories: News