Санаи 19.03.2024 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҳти унвони “Наврӯзи таҷассумгари фарҳанги миллӣ” ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии мазкур як қатор меҳмонони хориҷ ва дохили кишвар ширкат варзиданд.
Саидзода Масрур Мирзохон – директори коллеҷ ба сухан баромада ҳамагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз аз эҳёи табиат, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқон ва ҳазорҳо амали неки дигар дарак дода, ҳамагонро ба покию меҳнатқаринӣ, ки баракати рӯзгор аст, даъват менамояд.
Бо ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон байналмилалӣ гардид.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои таърихӣ мебошад. Он нақши муҳимро дар таҳкими сулҳу субот мегузорад. Анъана ва расму оинҳои он дар худ фарҳанг ва анъанаҳои тамаддуни Шарқу Ғарбро инъикос менамояд.
Аз ин ҷост, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз, як қатор кишварҳо чораҳои гуногун андешидаанд. Ба сифати яке аз чунин чораҳо, ин тартиб додани лоиҳаи қарори A/64/L.30 бо номи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ва барои баррасӣ пешниҳод намудани он ба Ассамблеяи Генералии СММ мебошад.
Дар баробари ин, ЮНЕСКО “Наврӯз” – ро дар санаи 30 – уми сентябри соли 2009 ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, дохил намуд. Сипас, 23 – уми феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералии СММ Қарори A/64/L.30 – ро бо номи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” тасдиқ карда, мувофиқи он:
- Санаи 21 – уми март “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эътироф гардид.
- Механизмҳои махсуси дастгирӣ барои он кишварҳои аъзое, ки иди Наврӯзро бо мақсади нигоҳ доштан ва рушд додани фарҳангу анъанаҳои он ҷашн мегиранд, муайян карда шуд.
- Кишварҳои аъзо барои дуруст омӯхтани таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз даъват карда шуданд…
Вобаста ба ҷаҳонишавии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эълон шудани Наврӯз ба сифати иди ҷаҳонӣ, аз он гувоҳи медиҳад, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим аҷдодонамон ин идро бо андешаю ормонҳои пок ҷашн мегирифтанд».
Ҳоло иди Наврӯз дар 13 кишвари ҷаҳон ҳамчун ид қабул шуда, аҳолии ҳар яке аз ин кишварҳо бо анъанҳои гуногун Наврӯзро ҷашн мегиранд.
Пас аз баромади роҳбари муассиса аъзои ҳакамон аз оростани дастурхони Наврӯзии садорати факултетҳо дидан намуданд ва пас аз он чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамаи факултетҳои коллеҷ, дастархони идонаи “ Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” ороста, омад-омади баҳори нозанинро мужда доданд.
Дар охир раёсати коллеҷ барои ташкили ин чорабинии бошукӯҳ ба тамоми дастандаркорон миннатдории коллективи устодон, кормандон ва донишҷӯёнро расонид.
Бахши матбуот