Омӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёни азиз,
Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба Шумо бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва осмони софу беғуборро таманно менамояд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «… таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд».
Итминони комил дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонию дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу бум ва хоки муқаддаси кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.
Бигузор, ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, хандаи кудакон, табассуми модарон, боварии мардум ба ояндаи дурахшон ва суруди сулҳу осоиш танинандоз бошад.
Ҷашни Артиши миллӣ муборак бошад!