Муҳтарам бонувони коллеҷи техникӣ,
Мо дар арафаи ҷашне қарор дорем, ки барои ҳар яки мо азизу муътабар, бузургу фаромушнашаванда ва муқаддастарин ҷашн – Рӯзи Модар аст, чунки зери ин калима чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз ин мавҷудот, азизтару меҳрубонтар ва покизатар аз он шахсе нест. Тамоми ҳастию вуҷуди мо аз ӯст, зеро пас аз Офаридгор модар офарандаи мост. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷоннисории модар мо ба дунё омада, Одам ном гирифтем. Вақте, ки мо калимаи модарро ба забон мегирем, пеши назар шахсе намудор мешавад, ки аз чашмонаш нур меборад ва ин нур ба мо роҳи ҳаёти ояндаро равшан мегардонад.
Модар фарзандро бо азобу машаққати зиёд ба воя мерасонад. Шаб то рӯз ва рӯз то бегоҳ дар сари гавҳора нишаста фарзандашро навозиш мекунад. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафедаш баҳра наёфта бошад. Ҳеҷ атре ва ҳеҷ боғе аз бӯйи модар хуштар нест. Барояш аз тарбия фарзанд дида чизе авлотар нест.
Аз ин лиҳоз, сараввал мехостам, ки Шумо, бонувони коллеҷи техникӣ ва дар симои Шумо тамоми занону модарони Тоҷикистони азизро ба муносибати иди зебову фараҳбахш – Рӯзи Модар сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ, тансиҳатӣ, оромиву субот ва Ватани тинҷу ободро таманно намоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан –модар гуфтаанд: «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, балки бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад».
Дар ҳақиқат, модар фариштаи зиндагӣ, ишқи заминӣ, олиҳаи офарандаи накӯиву умрбахшоӣ, офтоби ҷаҳонтоб, пайвандгарӣ наслҳову асрҳо, муқаддастарин муъҷиза, арзандатарин сарват ва нуру чароғи хонадон аст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мавқеъ ва ҷойи занон дар идоракунии давлатамон диққати махсус зоҳир карда мешавад ва хушбахтона, ҳоло занону бонувон дар вазифаҳои бонуфуз ифои вазифа доранд ва дар соҳаи маорифу тандурустӣ бошад аксарияти кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки дар муассисаи таълимиамон 153 нафар занон, аз он ҷумла 4-нафар номзади илм, 17 нафар муаллими калон ба таълиму тарбияи мутахассисони оянда ва ба корҳои тозагию ободонӣ зиёда аз 60 –нафар машғуланд, ки аз фаъолияти пурсамари онҳо роҳбарияти коллеҷ миннатпазир аст.
Мо бо номи Қиматби Э. – муовини директор оид ба тарбия, Раҳмонзода С.С. – сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Шодмонбекова З.А. – мудири шуъбаи умумӣ ва назорат, Назарова Р. – мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, Азизмамадова З.С.- мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Турдиева М. – мудири китобхона ва дигарон, ки тамоми ҳастии худро ба таълиму тарбияи донишҷӯён бахшидаанд, ифтихор дорем.
Дар ихтисосҳои дар коллеҷ амалкунанда 645 –нафар духтарон дар гурӯҳҳои ройгону пулакӣ бомуваффақият таҳсил доранд. Аксарияти занону духтарони коллеҷ дар чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, озмуну конференсияҳо ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, обрӯю нуфӯзи муассисаи таълимиамонро баланд бардошта истодаанд.
Маъмурияти коллеҷи техникӣ умед дорад, ки дар оянда низ занону духтарони муассисаамон дар беҳдошти раванди таълиму тарбия, беҳтаршавии сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони лаёқатнок, аз худ намудани илмҳои замона аҳлона меҳнат намуда, коллеҷи техникиро дар ҷумҳурӣ машҳур мегардонанд.
Бори дигар Рӯзи Модар, ки иди арҷгузорӣ, таҷлили гиромидошти муҳаббати модарӣ ва изҳори меҳри фарзандист, муборакатон бошад !