Устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ, шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба хонадонатон баракату осоиш ва ба кишари азизамон сулҳу суботи пойдор орзумандам.
Ҳамасола 24 – уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.
Парчами давлатии кишвар яке аз рукнҳои муҳимми давалатдории миллӣ буда, рамзи истиқлолият ва озодӣ аст. Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободии халқи
Тоҷикистон аст.
Имрӯз Парчами давлатии мо дар қатори парчами дигар кишварҳои сайёра дар бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки он мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизамон мебошад.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯза ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.
Бори дигар кулли омӯзгорону донишҷӯён ва кормандонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, орзуи онро дорам, ки доимо Парчами Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдату ҳамдилӣ парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром, Директори коллеҷи техникӣ
Рустам Холматов