Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар санаи 28.12.2023 дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии коллеҷ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо намуданд.
Баробари садо додани суруди миллӣ аҳли толор аз ҷой бархоста, онро бо самимият гӯш карданд.
Паёми Пешвои миллат, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт.
Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ аз Паём рӯҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистодаашон барои соли оянда саъю кӯшиш менамоянд.
Бахши матбуот