Санаи 02.05.2024 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва раёсати коллеҷ ҳамоиш таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила ва дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини директор оид ба тарбия Сафаров Илҳом баромад намуда, ҳамоишро ифтитоҳ ва меҳмононро муаррифӣ намуд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонӣ шудан, вазъ ва дурнамо, аҳамияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми институтҳои идеологӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баромад намуда қайд намуданд, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, бо ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.