Санаи 31.08.2023 муовини аввали директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Содиқзода Хурсанд Сафар ва дигар намояндагони агентии мазкур бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2023-2024 ба коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ташриф оварданд.

Намояндагони агентӣ нахуст аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар биноҳои таълимии коллеҷ дидан намуда, оид ба омодагиҳои коллеҷ ба соли нави таҳсили 2023-2024 шинос шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва пиёдагардонии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Сипас дар толори шӯрои олимони коллеҷ, намояндагони агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону омӯзгорон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории коллеҷи техникӣ вохӯрӣ намуданд.

Ҷаласаро, директори коллеҷ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон оғоз намуда, меҳмононро шодбош намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва ҷашни бошукӯҳи дар пешистода, яъне 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Сипас, муовини аввали директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Содиқзода Хурсанд Сафар ба сухан баромада, оид ба омодагӣ ба соли нави хониш, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, истиқболи ҷашни 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуданд.

 

Categories: News