Таърихи навини ташаккулёбии мустақилияти давлат нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони комили фаъоли амалиёт барои оқилона истифода намудан ва якҷоя идоракунии захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ибтидои қарни 21 дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ проблемаи оби тоза мавқеи махсус пайдо намуд. Зеро нарасидани оби тоза боиси хавотири ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст. Кишвари мо дар олам чун кишвари дорои захираҳои фаровони об шинохта шуда, захираи оби тозаи дар ҳудуди он тавлидёбанда беш аз 800 миллиард метри мукааб буда, асосан дар пиряхҳо ва кўлҳо ҷойгиранд. Ҳар сол дар ҳудуди Тоҷикистон 64 миллиард мукааб метр оби тоза тавлид меёбад, ки ба 56 фоизи оби Осиёи Марказӣ баробар аст. Аз оби ҳосилшуда танҳо 15 фоизаш барои эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ истифода бурда, боқӣ ба кишварҳои поёноб интиқол дода мешавад.

1 – уми октябри соли 1999 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун яке аз сиёсатмадорони варзида муҳимми проблемаҳои обро дар минтақа ва сайёра ба инобат гирифта, дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз аҳли ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал овард, ки соли 2003-юм Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ҳанӯз соли 1992 дар Саммити СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия барномаи рушди 10-сола марбут ба об қабул гардида буд. Ҳамин тариқ 20 декабри соли 2000- ум дар иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумии СММ дар асоси консенсус қатънома оид ба «Соли 2003 –Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Хушбахтона, чанде аз қатъномаҳои Маҷмааи умумии СММ марбут ба об аз рӯи пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон қабул шудаанд. Чунончи, соли 2003-юм– «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005 – 2015- ум «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 23 декабри соли 2003, №58/217, иҷлосияи 58-ум) аз ҷумлаи ҳамин пешниҳодҳо буда, ҳаётан муҳим мебошанд.

21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ дар Кумитаи дуюми МУСММ пешбарӣ шуда буд, тасдиқ гардид. Ҳамин тавр МУСММ бо қарори нави худ иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки бори аввал дар Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея шуда буд, дастгирӣ кард. Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Дањсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» рӯзи 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 баанҷом мерасад. Инчунин қатъномаи қабулшуда мудирияти ҷараёни тадорукот ва татбиқи Даҳсолаи мазкурро ба уҳдаи Дабири кулли СММ вогузор менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз љониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Салоҳиддини Сафомуддин Зуҳурзода – ассистенти кафедраи химия ва экологияи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

Categories: News