Санаи 17.09.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ намояндагони бонки Байналмилалии Тоҷикистон

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани назария бо амалия, тибқи низоми дуалии таълим, бо донишҷӯёни факултети муҳандисию иқтисодии коллеҷ вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ, намояндагони бонки мазкур қайд намудаанд, ки омодаанд донишҷӯёни коллеҷи техникиро ҷиҳати вусъат бахшидани низоми дуалии таълим, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо дар шӯъбаҳои бонки байналмилалӣ Тоҷикистон тибқи шартномаҳои дутарафа қабул намоянд.

Categories: News