31.01.2024 тибқи нақшаи кории раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо ташаббуси раёсати таълим ва бахши таҷрибаомӯзии коллеҷ бо иштироки сардори шуъбаи ҷалбкунии кормандон ва рушди ширкати ТГЭМ Камол Муссоев бо хатмкунандагони коллеҷи техникӣ ҷиҳати ҷалби онҳо пас аз хатм ба ширкати мазкур дар доираи шартномаи дутарафа вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар раванди вохӯри аз тарафи намояндаи ширкати ТГЭМ оид ба самтҳои фаъолияти ширкати мазкур ба хатмкунандагони коллеҷи техникӣ иттилоот дода шуда, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагон аз рӯйи ихтисосашон изҳори омодагӣ намуд.

Хатмкунандагони коллеҷи техникӣ ва намояндаи ширкати ТГЭМ дар фарҷоми сӯҳбату вохӯрӣ ба раёсати коллеҷи техникӣ барои ташкил намудани чунин вохӯриҳо, ки барои ояндаи дурахшони ҷавонон аст, миннатдории самимии худро расониданд.

Categories: News