Саннаи 25.12.2024 мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич тариқи маҷозӣ бо намояндагони коллеҷи технологияи идоракунии сохтмони Урбани Тианҷини Ҷумҳурии халқии Чин барои бастани созишнома ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд вохӯрӣ ва гуфтушунид намуд.
Дар вохӯрии мазкур Фаридун Раҳимӣ – намоянда аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Заррина Бобишоева – мутахасиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомов
Дилшод мутахасиси шӯъбаи муносибатҳои байналлмилалӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.