Санаи 06.04.2021, соати 1000, дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ оид ба масъалаҳои мубориза ва пешгирии ҷинояткорӣ байни хонандагон ва донишҷӯён бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар толори фарҳангии коллеҷ вохӯрӣ гузаронида шуд.

 Дар ин вохӯрӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ., муовини директор оид ба тарбия Абдураҳимов Х.И., нозири калони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиѓону ҷавонони ВКД ҶТ майёри милитсия Каримзода Меҳрубон, декани факултетҳо, мудири кафедраҳо, хонандагон ва донишҷӯёни факултетҳо иштирок намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ. меҳмонро бо хонандагон ва донишҷӯён муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки имрӯз ҷомеа ба мутахассисони болаёқат, доно ва соҳибистеъдод ниёз дорад. Аз ин хотир, ҳамасола Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, беҳдошти соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос маблаѓҳои зиёд ҷудо намуда, тамоми шароитҳоро муҳайё месозад, то ҷавонон ҳамчун ояндасози ҷомеа, дониши андӯхтаашонро дар амал тадбиқ намоянд. Таъқидҳои Пешвои миллат падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд.

Нозири калони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиѓону ҷавонони ВКД ҶТ майори милитсия Каримзода Меҳрубон баромад намуда қайд кард, ки бо мақсади пешгирии ҷавонон вуруди ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу суббот бояд корҳои зиёдро анҷом диҳем. Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале шомил шудани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Каримзода Меҳрубон боз оид ба пешгирии нашъамандӣ, майпарастӣ, терроризм ва экстремизм, қонуншиканӣ, даст назадан ба дуздӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ байни хонандагон ва донишҷӯёни факултетҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки минбаъд боз ҳам ҳамкориро дар ин самт бо мақомотҳои марбута давом диҳем.

 

Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ

Categories: News