Факултети технологияи иттлоотӣ яке аз қисматҳои асосии илмию таълимии коллеҷ буда, мутахассисонро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва экология таёр менамояд. Факултети номбурда соли 2019 дар заминаи факултети технологӣ ташкил шудааст. Факултет аз 3 кафедра иборат аст:
- Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ (тахассусӣ)
- Кафедраи химия ва экология (тахассусӣ)
- Кафедраи математика ва информатика (умумиколлеҷи)
Дар факултет 301 донишҷӯ, дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Ҳоло дар факултети «Технологияи иттилоотӣ» зиёда аз 44-нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 5-нафари онҳо номзадҳои илм мебошанд.
Дар факултет озмоишгоҳҳои таълимии компютерию иттилоотӣ таъсис дода шудаанд, синфхонаҳои бо дастгоҳҳои муосири иттилоотӣ ва мултимедӣ таҷҳизонидашуда амал мекунанд.
Маълумот оиди кормандони факултет, кафедраҳо ва ихтисосҳои дар тобеъияти факлтет буда:
- Ниёзов Ҳамза Ҳамроқулович номзади илмҳои техникӣ– декани факултети технологияи иттилоотӣ.
- Фасихов Идибек Саидмирзоевич-мушовири академии таълим.
- Сатторов Муҳмадраҷаб Маҳмадюсуфович-мушовири академии тарбия
- Луғмонов Ислом – танзимгар.
Факултети технологияи иттилоотӣ яке аз факултетҳои сохторӣ коллеҷи техники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, айни ҳол аз рӯи 5- ихтисос мутахассисонро омода менамояд:
Дар айни замон дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар шӯъбаи рӯзона, аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
– 2-400101 – Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ;
– 2-40010202 – Низоми технологияи иттилоотӣ;
2-40010133-«Графикаи компютерӣ»
-2-400101 31 – Барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ
-2-400101 35 – Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва итилооти корӣ;
-2-570101 – Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат;
Шакли таҳсил рӯзона, дараҷаи таҳсилот миёнаи касбӣ буда, муҳлати таҳсил 3-сол мебошад.
Дар факултет 2-кафедраи тахассусӣ ва 1-кафедраи умумиколлеҷи фаъолият менамояд, ки дар кафедраҳо 63 нафар омӯзгорон ба муттахассисони оянда сабақ меомӯзанд.
НИЁЗОВ ҲАМЗАҚУЛ ҲАМРОҚУЛОВИЧ
Декани факултети технологияии иттилоотии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ
Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ.
Дараҷаи илми: иҷрокунандаи вазифаи дотсент.
Соли таваллудаш: 28-08-1982
Ҷои таваллуд: н. Айнӣ, д. Мадм.
Миллат: Тоҷик.
Маълумот: Олӣ
Ихтисос: «Технологияи кимиёви ва моддаҳои ғайриорганикӣ».
+(992)-93-440-73-74
hamzamadm@mail.ru
Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ (тахассусӣ)
Кафедраи технология ииттилоотӣ ва барномасозӣ дар тобеъияти факултети технологияи иттилоотӣ фаъолият намуда аз рӯи 5-самт муттахасис омода менамояд:
2-400101-«Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ»
2-40010202-«Низоми технологияи иттилоотӣ»
2-40010133-«Графикаи компютерӣ»
2-40010131-«Барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ»
2-40010135-«Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ»
Хатмкунандагони ихтисосҳои номбурда дар соҳаҳои МЭҲ, система ва шабакаҳо, системаи автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идора, системаҳои автоматонидашудаи лоиҳакашӣ, таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматонидашуда, фаъолият карда метавонанд.
Кафедраи химия ва экология (тахассусӣ)
Дар кафедраи «Химия ва экология» аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис омода менамоянд:
2-570101– «Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат».
Бояд қайд намуд, ки кафедраи химия ва экология бо кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» ва «Технологияи истехсолотӣ химиявӣ»-и ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Институти кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи В.И. Никитин ва дигар муассисаҳои илмӣ-истеҳсолии Ҷумҳури ҳамкорӣ менамояд. Омӯзгорони таҷрибадор ва номзадҳои илм, ба донишҷуёни ихтисосҳои ба кафедраи химия ва экология тааллуқдошта дарсҳои озмоишӣ ва амалӣ мегузаронанд.
Ихтисоси 2-570101- Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат
Самти фаъолияти касбии техник-технологҳоро дар бар мегирад; банақшагирӣ, насбкунӣ, истифодабарӣ ва такмили техника ва технологияи ҳифзи табиат, ташкил ва идоракунии корҳои ба ҳифзи табиат вобаста дар корхонаҳо ва комплексҳои ҳудудӣ-саноатӣ, санҷиши лоиҳаҳо, технологияҳо ва истеҳсолот, сертификатсияи маҳсулот бо мақсади ба дастоварии бехатарии максималии экологии фаъолияти хоҷагидории инсон, паст кардани хавфи таъсири антропогенӣ ба муҳитиатроф.
Кафедраи математика ва информатика (умумиколлеҷи)
Кафедраи математика ва информатика дар қарори ҷаласаи ғайринавбатии Шурои олимон колеҷи техники ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз 05.11.2019с (Протоколи №2) ва дар асоси Фармоиши № 103-К аз 05.11.2019 сол банди 9.5 кафедраи «Технологияи иттилоотӣ ва математика» ба кафедраи «Математика ва информатика» номгӯзори карда шудааст, ки дар асоси Оинома ва Низомномаи коллеҷи техникӣ фаъолият менамояд:
Дар кафедраи математика ва информатика бошад 31 -нафар корманд фаъолият карда истодааст, ки аз ин шумора 22- нафар омӯзгори асосӣ, 2- нафар ҳамкори дохилӣ, 8-нафар ҳамкори беруна мебошад. Аз ин омӯзгорон 2-нафар профессор, 4- нафар номзади илм, 1-нафараш муаллими калон ва 25-нафари дигар ассистент мебошанд.
фаъолият менамоянд.
– 2-400101 – Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ;
– 2-40010202 – Низоми технологияи иттилоотӣ;
2-40010133-«Графикаи компютерӣ»
-2-400101 31 – Барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ
-2-400101 35 – Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва итилооти корӣ;
-2-570101 – Ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат;