Консепсияи иқтисоди сабз хеле баҳснок буда, муаммоҳои он аз ҷониби шумораи зиёди олимони кишварҳои гуногуни ҷаҳон пазируфта шудаанд. Таъкид шудааст, ки таблиғи ғояи иқтисоди сабз дар тамоми минтақаҳо дар заминаи навоварӣ имконпазир аст, ки ин лоиҳаҳоро метавон харид ва ё мустақилона ба даст овард. Имрӯз иқтисоди сабз ҳамчун заминаи рушди устувор баррасӣ карда мешавад, ки технологиҳои инноватсионии сабз воситаҳои асосии он ба ҳисоб мераванд. Ин технологияҳо ба сарфаи энергия ва захираҳо, коҳиши партовҳои карбон, нақлиёти тоза, манбаъҳои алтернативии энергия, кишоварзии органикӣ ва рушди экологӣ асос ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз тамоми ҳукуматҳо ва соҳибкорон инчунин истеъмолкунандагони ҷаҳон стратегияи иқтисоди сабзро қабул кардаан.
Солҳои охир дар Тоҷикистон таҳаввулоти воқеии иттилоот дар робита ба иқтисоди сабз ба чашм мерасад. Мафҳуми иқтисоди сабз аз бисёр назрияҳо таркиб ёфтааст. Масалан, консепсияи WWF барои сайёраи зинда, ки он аз тарафи М.Вакернигел таҳия шудааст. Вазифаи асосии ин консепсия барои кам кардани истеъмоли барзиёд, исрофкоронаи захираҳо коҳиш додани партовҳо ва коҳиш додани таъсири экологӣ пешбини шудааст, ба сатҳи рушди устувор наздик шавад.
Иқтисоди сабз таърифҳои гуногунро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо аз тарафи СММ пешниҳод гардидааст, ки чунин аст. Иқтисоди сабз иқтисодиётест, ки фоидаи дарозмуддат ва беҳбудии некуаҳволии мардум ва инчунин таъмини адолати иҷтимоиро дар бар мегирад.
Аз нуқтаи назари Б.Н.Порфирьев иқтисодиёти сазб як намуди фаъолияти иқтисодиест, ки дар заминаи навсозӣ ва афзоиш додани маҳсулнокии истеҳсол , беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва муҳити зист ба вуҷуд меояд.
Дар бораи натиҷаҳои BRICS соли 2013 дар Африқои Ҷанубӣ В.Путин гуфта буд, “Ин рамзест, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон диққати махсус на танҳо ба суръат балки ба сифати рушди иқтисодӣ дода шавад. Ин гузариш ба стандартҳои аз ҳама серталаб ва аз ҳама пешрафтаи экологӣ оварда мерасонад. Дар баробари ин қайд намуданд, ки маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иқтисодиёти сабз аз ҷумла ҷори намудани технологияҳои камасрафро ба инобат гирем.”
Аз баски санадҳо ба имзо расидаанд, вале иқдомҳои воқеи қариб ба даст намеоянд, зеро дар пешбурди ғояҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз дар кишвар ҳеҷ гуна муваффақият нест.Инчунин бояд дар назар гирифт, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дастраси ҳама истеъмолкунандагон нест(махсусан дар минтақаҳои Тоҷикистон).
Дар бораи дурнамои иқтисоди сабз сухан гуфта, ба масъалаҳои “хунуккунӣ”-и идеалҳои намояндагони соҳибкорӣ ва доираҳои роҳбарикунандаи бисёр кишварҳои пешрафта сухан рондан ғайриимкон аст. Вазири молияи Олмон дар соли ба вазирони молияи АИ дар Брюссел аз хатари иқтисоди сабз барои бозори меҳнат нигарони намуд . Ба ақидаи ӯ, афзоиши энергияи барқароршаванда метавонад ҷойҳои кориро коҳиш диҳад. Ғайр аз ин, бояд дар хотир дошт, ки на ҳама корхонаҳо ва технологияҳои сабз воқеан аз ҷиҳати экологӣ маҳсулотҳои тозаро пешниҳод менамоянд.
Дар баробари ин иқтисоди сабз бояд, ки ба таъсиси ҷойҳои нави кори равона карда шавад, яъне бояд дар иқтисоди сабз шуғл афзоиш ёбад; дар соҳаи кишоварзӣ, ҷангал, энергетикӣ, нақлиёт ва дигар захираҳои барақароршаванда. Иқтисодиёти сабз аз ҷониби бисёриҳо бо сабаби хатари паст шудани даромади онҳо дар муддати кӯтоҳ қабул карда намешавад. Як қатор корхонаҳо метавонанд дар ҳолати зиёновар қарор гиранд – вақте ки хароҷот зиёд аст ва ба ҷои фоида талафот ба амал меоянд, ки дар натиҷа истеҳсолот қатъ карда мешавад. Як қатор ширкатҳо навовариҳои сабз ва сармоягузориҳои алоқамандро бори гарони молиявӣ ва яке аз сабабҳои болоравии нарх мешуморанд, ки чунин хавотирӣ ва нигарониҳои рушди иқтисоди сабзро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон бозмедоранд.
Шерматов Ғуломҷон – муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ