Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил оғоз мегардад.

Дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ дар толори маҷлисгоҳ ва дигар биноҳои таълимии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сурат гирифт.

Таҷлили Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад.

Ба якчанд нафар донишҷӯёни курсҳои 1-ум, ки аввалин шуда қадами худро бо мақсади оғоз намудани таҳсил ба коллеҷи техникӣ гузоштанд, аз ҷониби муовинони директор ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ба онҳо гул тақдим карда шуд.

Дарси сулҳ ва рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа муҳим таъкид мегардад.

Бояд қайд кард, ки ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ Дарси сулҳи Пешвои миллатро дар тамоми гурӯҳҳои академӣ мустақиман тамошо намуда, дастуру супоришҳое, ки дар партави суханронӣ иброз намуданд, сармашқи фаъолият ва хониш менамоянд.

Ин анаъанаи некро ҳамасола донишҷӯён ва устодон бо меҳри беандоза риоя намуда, аз суханрониҳои Роҳбари хирадманди кишвари хеш баҳраҳои ҳаётӣ мебардоранд.