Санаи 09.10.2024 директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон дар Форуми хатмкунандагони донишгоҳҳои Шӯравӣ ва Россия дар шаҳри Останаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо иштироки

намояндагони сохторҳои маориф ва тандурустии кишварҳои ИДМ, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки Форуми хатмкунандагони мактабҳои олии Шӯравӣ ва Россия аз ҷониби Россотрудничество аз 9 то 10 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақим байни намояндагони вазорату идораҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ баргузор мегардад.

Тибқи барномаи Форум баромадҳои пленарӣ, курсҳои такмили ихтисос дар соҳаи «Менеҷмент дар соҳаи маориф ва тандурустӣ», мизҳои мудаввар оид ба мавзӯъҳои актуалии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ инчунин инкишоф додани робитаи байни ташкилотҳои махсуси Россия ва ИДМ, гузарондани тадқиқотҳои якҷояи илмӣ, мустаҳкам намудани ҷамъияти хатмкунандагон дар минтақа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.